Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ошно шуда, аз телескоп ҳаракати сайёраву ситораҳоро мушоҳида намоянд, Ширинхоҷа ин корро ташаббуси Аҳмади Дониш дониста, таъанамезона мегӯяд: “Махдум, шумо як муллои хатмкарда ҳастед, наход бо сеҳру ҷодуи кофирон ба асрори илоҳӣ чашм андохтаӣ бошед? Шайтон шуморо аз роҳ баровардааст” (Ситора.., 257). Роҳбари ҳайат Муллоҷон ба хотири мусолиҳа миёни Ширинхоҷа ва Аҳмад -махдум таъкид менамояд, ки иродаи мизбонон будааст, не гуфтан хуб нест, Ширинхоҷа оташин шуда мегӯяд: “Не гуфтан хуб нест гуфта, дар куфру гуноҳ пеҷед, майлаш?!”

Албатта, ин самараи он аст, ки ҳанӯз чанд аср пеш омӯзиши илмҳои дақиқро дар мадориси мусулмонон манъ карда буданд ва дониши яктарафа боиси маҳдудияти ҷаҳонбинию хилофи шаръ донистани улуми ақлӣ аз ҷониби иддае аз уламо гашта буд. Касоне, мисли Аҳмади Дониш баъзе аз ин илмҳоро назди шахсони алоҳида ё тавассути худомӯзӣ аз худ мекарданд. Бинобар ин, улуми дақиқ дар асрҳои миёна, бахусус баъди асри XV, дар Хуросону Мовароуннаҳр пешрафт накард. Тавре ки нависанда аз забони Аҳмади Дониш таъкид менамояд, баъди қатли Улуғбек ва харобшавии расадхонаи ӯ дар Самарқанд илми нуҷум ҳам дар доираи маҳдуде мутадовил буд ва дигар аз расадхона нишоне намонда буд. Аз ин ҷост, ки Аҳмад-махдум дар ҷавоби Ширинхоҷа мегӯяд: “Таксир, уламои мо ба ибодату зикри хушк мехоҳанд илми яқин ҳосил карда, ба зоти илоҳӣ бипайванданд. Мо бандагони гунаҳкор ба ин мартаба намерасем. Фақат мехоҳем он чиро, ки Худованд барои мо офаридааст, ба чашми худ бинем... ин куфр нест”.

Ҳамин тангназарии аҳли илм, бавижа рӯҳониён, қаҳрамони асарро бисёр ба фикр водор мекунад ва бо дидани муҳити мусоиди илмию фарҳангӣ дар Русияи

пешина
аз 315
навбатӣ