Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
амсоли инҳо муҳаққиқ собит мекунад, ки Аҳмад Махдуми Дониш барҳақ сарвари ҷараёни маорифпарварии тоҷик дар он замон буд. Ин мақолаҳо таҳкурсие буд, ки рӯи он асари ҷомеъе тарҳрезӣ гардид. Соли 1967 рисолаи муҳаққиқ «Аҳмади Дониш»-ро нашриёти «Маориф» аз чоп баровард, ки рӯзгори ибратбахши Аҳмади Дониш, зиндагии ӯ қадам ба қадам, вазъи оилавӣ, ташаккули шахсият, машғулиятҳои шабонарӯзӣ, нависандагиву хаттотӣ ва рассомӣ, муоинаҳои сипеҳршиносӣ, сафарҳояш ба Русия, таъсири маданияти рус ба афқору эҷоди ӯ ва ниҳоят мақоми маънавӣ, адабӣ ва ҷамъиятии мутафаккир дар аморати Бухоро ба тарзи қиссаи марғуб баён шудааст. Ҷанги беамони Дониш бо амиру атрофиёни лаббайгӯйи вай, дард кашиданҳои ӯ аз вазъи замон ва ниҳоят заминаи маънавӣ, асоси мардумӣ, сиришти инсонпарварӣ ва равиши мақсадноки таълимоти Аҳмади Дониш мазмуни он рисоларо ташкил мекунад. Шогирдон, пайравон, хайрхоҳон ва ситамкашон қувваи зидди аморат буда, барои интишори афкори Аҳмади Дониш кумак мекарданд. Онҳо низ роҳи наҷот меҷустанд. Дарёфти ҳақиқат дар ин ковишҳо раҳнамои онҳо буд. Аҳмад Дониш ба сиёҳкориҳо, бадӣ ва ҷаҳолат бо тамасхур наменигарад, бо рамзу киноя ҳам сару кор надорад. Вай мутафаккир аст. Мутафаккирест, ки бо салиқаи хос ва андешаҳои солим роҷеъ ба иллатҳои ҳаёти ҷомеа фикр ронда, масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро бо нерӯи тафаккур матраҳ мекунад. Аз рӯи нигориши Расул Ҳодизода Аҳмади Дониш шахсест, ки иллати мавҷудияти он ҳама мушкилоту бадбахтиҳо, тангназариву маҷҳулот ва ақибмониро дар сохти асримиёнагии аморати Бухоро, муҳити тангу хафақоновари он мебинад. Аз ин ҷиҳат мутафаккири ислоҳотҷӯ бо ниҳояти ҷуръат амиру амалдорон, аҳли шаръ ва оқибатҳои барои худ ногувори маразҳои муҳити

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё