Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ки аз сиву як номгӯ иборат аст, низ тасдиқ мекунад. Дар феҳрист номгӯи рисолаҳои илмӣ, роману повестҳо, мақолаву ҳикояҳо, осори матншиносиву киносенария ва пйесаҳои Расул Ҳодизода зикр шудаанд. Сазовор аст, ки дар шаъни ин олими пуркор аз забони устод Рӯдакӣ бигӯем:
Тан-т якеву ҷон якеву чандин дониш,
Эй аҷабо! Мардуми ту ё дарӣ?!
Воқеан, тадқиқи осори Рӯдакӣ дар фаъолияти илмии Расул Ҳодизода мақоми хос дорад. Ӯ паҳлуҳои гуногуни ин мавзӯъро таҳқиқ намуда, мақолаҳои зиёде ба чоп расонидааст. Ҳамчунин маҷмӯаи осори Рӯдакиро ҳамроҳи бародари ман Ансор Афсаҳов ба тоҷикӣ ва осори Рӯдакӣ ва муосирони ӯро ба забони русӣ бо номи «Рӯдакӣ ва шоирони замони ӯ» (Ленинград, 1985) дастраси хонандагони умумииттифоқ гардонд.
Мақолаҳои Расул Ҳодизода «Шӯҳрати ҷаҳонии адабиёти тоҷик», «Ёздаҳ асри адабиёти тоҷик», ҳамчунин дар бораи афкори адабиву эстетикии Форобӣ, Ибни Сино, Ҷомӣ, сабки Навоӣ, рӯзгори Мавлонои Рум, девони Анварӣ ва ғазалу рубоӣ хеле пурмазмун навишта шудаанд.
Ҳарчанд доираи тадқиқоти адабиётшиносии Расул
Ҳодизода ба омӯхтани эҷодиёти як адиб ва ҳатто як аср
маҳдуд намегардад, вай пеш аз ҳама ба сифати муҳаққиқи
пуркор ва донандаи забардасти адабиёти асри XIX тоҷик
шинохта шудааст. Хизмати ӯ махсусан дар таҳқиқи
рӯзгору осори нависанда ва мутафаккири бузурги ин
давра Аҳмад Махдуми Дониш шоистаи таҳсин аст. Дар
силсилаи мақолаҳои «Равияи пешқадам дар адабиёти
нимаи дуюми асри XIX», «Аҳмади Дониш», «Аҳмади
Дониш ва эҷодиёти ӯ», «Нусхаҳои хаттии тазкираи
Возеҳ», «Дар бораи номи як устоди Аҳмади Дониш»,
«Ҳуҷҷати пураҳамият аз тарҷимаи ҳоли Дониш» ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё