Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мустабиди амир ва мансабдорони ӯро фош намуда, на фақат бо ҳамлаҳои паёпаи худ ба он кохи истибдод рахна меандозад, балки бо мантиқи комил ба хулосае меояд, ки асосҳои он сохт ва давлатдориро мебояд аз ҳам бипошид ва дар харобаҳои он ҷамъияти ислоҳпаринуфтаи фозилай маорифободе бунёд кард, ки адлу инсоф ва тараққиву равнақ аркони мавҷудияти он қарор гиранд. Осори Аҳмади Дониш, хусусан «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисолаи таърихӣ»-и ӯ як навъ қиёми рӯҳи озод ва ақли солим бар зидди муҳити мутаассиб ва ҳукмронии ҷоҳилонаи манғитиён буд.

Рисолаи илмии «Аҳмади Дониш» бештар ба қиссаи ҳуҷҷатӣ монанд аст. Инро хонандагон ва танқиди адабӣ, масалан У. Тоҳиров ва М. Шукуров баробари чопи он зикр карда буданд.

Баъди нашри «Аҳмади Дониш» ду самти фаъолияти фикрии Расул Ҳодизода густариш ёфт. Аввалан ӯ минбаъд бо мактаб ва аҳли маориф робита пайдо карда, ҳамроҳи М. Шукуров ва Т. Абдуҷабборов барои муаллимону талабагони мактаб «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ»-ро тартиб дод (1964). «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро бо номи сарманшааш «Калила ва Димна» аз нав танзим ва таҳрир карда, ба табъ расонд (1966, 1978). Ҳамчунин ба сифати муаллиф ва гурӯҳи муаллифони китобҳои нави дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи IX-ро бори аввал ҳамроҳи марҳум А. Мирзоев ва А. Болдирев (1976) ва баъди мансух шудани он дафъаи дигар бо ҳамқаламии Т. Неъматзода ва Т. Миров (1983) тасниф кард. Ба наздикӣ китоби тадрисии Расул Ҳодизода ва шогирдонаш Садрӣ Саъдиев ва Усмон Каримов «Адабиёти тоҷик» (асрҳои XVI-XIX) барои мактабҳои олии кишвар низ мунташир шуд, ки ниёзи донишҷӯёнро қонеъ мегардонад. Сониян, Расул Ҳодизода, ки ҳанӯз дар навҷавонӣ бо тахаллуси

пешина
аз 315
навбатӣ