Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шӯравии Иттифоқи нависандагони ИҶШС ба вазифаи мушовири адабиёти тоҷик тавсия намуд. Р. Ҳодизода бо риояи шарти адаб барои қабули ин кор ба устод Айнӣ нома навишта, иҷозати эшонро пурсид. Вале ин дафъа ҳам устоди фарзона раъйи мутахассиси ҷавонро напазируфт ва дар бистари беморӣ барояш номае навишта, тақозо намуд, ки ҳарчӣ зудтар ба пойтахти тоҷикон баргардад ва дар рушду такомули мактаби адабиётшиносии тоҷик саҳмгузор бошад.

Аз ҳар сатри ин нома то кадом андоза нисбат ба ояндаи илми тоҷик ва мутахассисони варзидаи адабиёт дилсӯзу ғамхор будани устод Садриддин Айнӣ ба сурати возеҳ ошкор мегардад. Расул Ҳодизода дар китоби хотироти худ «Худоё, худро бишносам» (Душанбе: «Деваштич», 2006) ин номаи устод Айниро овардааст, ки на фақат барои ӯ азиз аст, балки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ва ба хотири гиромидошти забони тоҷикӣ барои ҳар як ҷавони толибилми имрӯза ҳам сабақи ибратомӯзе буда метавонад:

«Ба рафиқ Расул Ҳодизода! Мактуби 21-уми феврал навиштаатон 27-уми моҳи мазкур расид (дар зимистон пӯчтаи ҳавоӣ аз пӯчтаи муқаррарӣ дер мемонад). Ман дар бораи пурсиши шумо сатрҳои зеринро менависам.

Ҳар кас, ки дар як замони маълум ва вақти муайян барои таҳсили илм дар Москва истода бошад ва ҳақиқатан ӯ толиби илм ва хоҳиши пеш рафтан дошта бошад, албатта, дар он ҷо монданро хоҳиш мекунад. Аммо ман дар шароити ҳозираи беодамӣ, қаҳтурриҷолии Тоҷикистон ин фикри шуморо қабул карда наметавонам. Ман ҳам аз нуқтаи назари он, ки яке аз коркунони ҷавобгари Академияи Тоҷикистон мебошам, ҳам ба сифати ин ки шуморо «кадри тайёр» гуфта, «ҳой-ҳою бай-бай» гӯён ба аспирантураи он ҷо тақдим кардаам, ҳам аз ҷиҳати он ки дар вақти пур шудани муддати аспирантураатон шахсан кӯшиши

пешина
аз 315
навбатӣ