Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
фавқулода карда, мӯҳлатро шаш моҳ дароз кунонидаам, ин фикри шуморо қатъиян қабул карда наметавонам. Зеро дар он сурат ҳам худам дар миёни касони ба ин кор дахлдор ва роҳбарони боло расво ва хандахариш мешавам, ҳам дар ҳолати ҳозираи Тоҷикистон виҷдонам дар азоб мемонад.
Бояд шумо ҳам дар ин кор аз нуқтаи назари манфиати шахсии худ, ки дар Москва зудтар пеш меравед ва ҳам зиндагонии он ҷо нисбат ба Сталинобод маданӣ ва осуда аст, қатъи назар карда, фақат ҷиҳати қаҳтурриҷолии Тоҷикистонро ба назар гирифта, зуд биёед... Ва баъд аз он худро дар даруни ҷамъияти Тоҷикистон бо кори худ хуб нишон диҳед. Дар он вақт (баъд аз 3-4 сол) метавонед ба докторантӣ равед.
Дар бораи нишон додани асарҳотон ба Брагинский бошад, шумо метавонед бо мактуб алоқа бандед ё командировка гирифта рафта оед. Дар ҳар ҳол ҳозир он гуна фикрҳоро аз майна бароед...
ЯК масъалаи дигар аст, ки ман вайро то ҳол чандин бор ба шумо бо мисолҳо ба тарзи ишора гуфта бошам ҳам, он масъаларо дар пеши шумо қатъӣ ногузошта будам. Акнун вақти қатъӣ гузоштани он масъала ва ҳал кардани он расид. Ин масъала масъалаи забони тоҷикӣ аст. Ҳозира дониши русиатон барои дар Тоҷикистон кор кардан муваққатан кифоя кунад ҳам, барои коркуни ҳақиқатан илмии адабиёти тоҷик шудани забони тоҷикиатон кифоя намекунад. Дуруст аст, ки ин камбудӣ дар бисёр коркунони илмии адабиёти тоҷик ҳаст. Аммо онҳоро акнун ислоҳ кардан хеле душвор аст. Агар шумо дар айёми зинда будани баъзе коркунони куҳансоли тоҷик дар Сталинобод бошед, ин камбудиро дар андак муддат метавонед ислоҳ кунед. На танҳо худро ислоҳ кунед, бо ғайрати ҷавонии шумо дигар ҷавонон ҳам дар ислоҳи камбудии забониашон кӯшиш кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё