Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ғазалиёти Мавлоно Ҷомиро дар дил мепарварид ва чунин ин матлабро ба устоди роҳнамояш баён намуд, Садриддин Айнӣ баъди андак тафаккуф гуфт: - Барои омӯхтан ва таҳқиқи Ҷомӣ таҷрибаи илмиатон камӣ мекунад. Шумо ба омӯхтани адабиёти асри XIX-и тоҷик машғул шавед. Ин кор барои шумо мувофиқ ва барои илм зарур аст. Маслиҳати ман ин аст, ки ин корро аз омӯзиши тазкираҳо сар кунед. Дар вақти таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» баъзе аз ин тазкираҳоро аз назар гузаронида будам. Бисёр санаду ахбори тазкираҳо то имрӯз дуруст омӯхта нашудааст. Таҳқиқи ин тазкираҳо бисёр масъалаҳои адабиёти он даврро равшан мекунад. Корро сар кунед, баъд худатон ба ин мавзӯъ шавку ҳавас пайдо мекунед.

Бад-ин минвол, ӯ ҳам шогирди расмӣ ва ҳам шогирди маънавии сардафтари адабиёти давраи нави тоҷик гардид, аз роҳнамоии илмӣ, файзи сӯҳбат ва одоби муошират, тарзи зиндагии ниҳоят хоксорона ва тартиби кору фаъолияти ҳамарӯзааш баҳраҳо бардошт. Роҳбари илмӣ тархи рисолаи унвонҷӯро ҳам кашида буд, вале азбаски дар Сталинобод мезист, Расул Ҳодизода кори илмиашро мустақилона пеш мебурд.

ПАС аз чанд муддат ӯро бо пешниҳоди устод Садриддин Айнӣ ба Институти шарқшиносии шаҳри Маскав фиристоданд. Муҳити илмии пойтахти кишвари шӯравӣ ва файзи сӯҳбату маслиҳатҳои тоҷикшиносони варзида аз қабили Е.Э.Бертелс, И.С.Брагинский ва дигар уламои маъруф бароиш беасар намонданд. Расул Ҳодизода соли 1954 дар Шӯрои илмии ҳамин маркази бузурги илми филологияи шӯравӣ дар мавзӯи «Маъхазҳои адабиёти нимаи дуюми асри XIX-и тоҷик» рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя кард ва бо назардошти қобилияту истеъдоди фавқулодаташ устод Мирзо Турсунзода ӯро дар Комиссияи адабиёти халқҳои

пешина
аз 315
навбатӣ