Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
самимӣ меоростанд, шеърхониҳо мекарданд ва ин ҳама дар зеҳну шуури Расули наврас нақши мондагор гузошт. Ӯ тайи солҳои 1945-1950 дар шаҳри Тошканд дар факултети ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таҳсили илм намуда, ҳамзамон дар радиои Ӯзбекистон ба ҳайси муҳаррири адабии шӯъбаи тоҷикӣ ифои вазифа мекард. Соли 1950 аввалин мақолаи илмии Р. Ҳодизода таҳти унвони «Таҳқиқоти илмии устод Айнӣ оид ба таърихи адабиёт» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд ва роҳро ба пажӯҳандаи ҷавон барои омӯзишу таҳқиқи ҷиддии адабиёт боз намуд.
Қобили зикр аст, фарзонаи халқи тоҷик Аллома Садриддин Айнӣ дар ташаккули шахсият ва таъйини сарнавишти минбаъдаи Расул Ҳодизода нақши калидӣ бозид. Баъди хатми мактаби олӣ дар Тошканд ӯро барои идомаи таҳсил ба аспирантура даъват намуданд, вале устод Айнӣ ин пешниҳодро напазируфт ва ба муҳаққиқи ҷавон рӯй оварда гуфт: – Шумо агар таърихи адабиёти тоҷикро омӯхтагӣ бошед, бояд ҳатман ба Сталинобод, ба маркази фарҳангу адабиёти тоҷикон биравед.
Бо ин ҳидоят Р. Ҳодизода ба Сталинобод омад ва ба аспирантураи Институти забону адабиёт, таърих ва археологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон шомил гардид ва роҳбарии илмиашро ҳам расман худи устод Садриддин Айнӣ ба уҳда гирифт. Барои ҳар унвонҷӯ масъалаи асосӣ муайян кардани мавзӯи рисолаи илмӣ мебошад. Устод Садриддин Айнӣ ба шогирдон дар кадом мавзӯъ ва ришта кор карданро тавсия намекард, балки ҷаҳдаш ин буд, ки ҳар ҷӯяндаи илм бештар мустақилона фикр кардану навиштанро омӯзад ва фикру мулоҳизаи илмии худро дошта бошад. Вале чун ӯ аз Расул Ҳодизода дар ҷодаи илми адабиётшиносӣ умеди зиёд дошт, барои муайян кардани самти фаъолияти минбаъдааш бетафовут буда наметавонист. Пажӯҳишгари ҷавон таҳқиқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё