Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ДУРАХШИ ХУРШЕД
Дарки саҳеҳи асрори каломи бадеъ ва эҷоди осори илмиву адабӣ мушкил корест, завқу салиқа, донишу ҷаҳонбинии пурвусъат ва маҳорату истеъдоди хосса мехоҳад ва ин сифоти пургунҷоиш на ҳар инсони хокиро муяссар бувад. Танҳо ашхоси кӯшову собитқадам, пурталошу заҳматписанд дар ин ҷода муваффақ шуда, дурри мақсуд ба каф оварда метавонанд ва яке аз ҳамин гуна афроди фарҳехта доктори илми филология, профессор Расул Ҳодизода буд, ки зиндагиву осори гиронмояаш воқеан ҳам сазовори ибрату омӯзиш ва пайравист. Аз тақдир сипосгузорам, ки маро бо ин марди наҷиб ва инсони комил ошно кард ва ифтихори баҳрабардорӣ аз мактаби бузурги илмиву эҷодӣ ва одамияти эшонро дошт.
Расул Ҳодизода дар оғози фасли баҳори соли 1928 дар гузари Қозикалони шаҳри бостонии Самарқанд, дар оилаи авлоди Хоҷаҳои Мираконӣ чашм ба олами рӯшан кушодааст. Муҳити адабпарвари зодгоҳ ба рушду такомули савияи илму дониш, ҷаҳонбинӣ ва маҳорату малакаи ӯ мусоидат намуд. Агар падараш Ҳайдархон, ки таҳсилдидаи мадрасаи Шердор буд, тамоми умри бобаракаташро сарфи таълиму тарбияи фарзандони мардум карда бошад, модари арҷманд бештар баҳри тарбияву саводнокии фарзандони худ мекӯшид ва донишманди оянда алифбои арабиасоси тоҷикиро аз ӯ омӯхтааст. Дар айёме, ки даҳ-дувоздаҳ сол дошт, бисёр вақт дар ҳавлиашон муаллимону рӯшанфикрон Осим Исматӣ, Холиқ Ҳакимзода, Ғанӣ Саломзода, Ризохон Ҳодизода ва дигарон сарҷамъ шуда, аз боби ҳаёт ва эҷодиёти адибони барҷастаи гузаштаву муосир сӯҳбатҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё