Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

адабӣ ва фарҳангии шаҳрҳои Душанбею Машҳад ифои вазифа намуда, корҳои зиёди фарҳангиро анҷом додаанд.

Ҳамчун раиси кумитаи ҷашнҳои 100-солагии шоири бузурги Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқбол ва 1150-солагии Устод Рӯдакӣ дар чопи осори ин бузургон саҳми шоиста ифо кардаанд. Устод бештар диққати худро ба проблемаҳои калону муҳими адабиётшиносии классикию муосири тоҷик, ки то ҳол мукаммал таҳқиқ нагардида буд, мисли: масъалаҳои сабку услуби адабӣ, даврабандии адабиёт, услуби эҷодии Рӯдакӣ ва муосирони ӯ, равона кардаанд.

Устод Расул Ҳодизода дар ҳаёт шахси зиндадил, бофарҳанг, боистеъдод буданд, метавонистанд дар як нишаст мақолаи илмӣ, гузоришҳои адабӣ нависанд, бисёр закӣ, нуктадону нуктасанҷ, рамзфаҳму ояндабин буданд.

Эшон ғайр аз олимию нависандагӣ чандин пешаю ҳунарҳоро медонистанд. Мисли шоирӣ, тарҷумонӣ, драмнависӣ, наттоқӣ, роҳбарӣ, ронандагӣ, хӯрокпазӣ, аккосӣ, гулкорӣ ва монанди инҳоро ба ҳадди олӣ иҷро мекарданд.

Устод бисёр ботамкин, роздон буданд, сирру асрори дилашонро ба ҳар касе ифшо намекарданд, агар зарурат пайдо шавад эроду интиқод мекарданд. Ҳамин тавр, устоди гиромиқадр дар 85-солагӣ аз ин дунёи фонӣ раҳти сафар бастанд. Ёдашон ба хайр. Худо биёмурзад, тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат бигардонад...

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

пешина
аз 315
навбатӣ