Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

рафтам. Ҳавлии онҳо дар наздикии рӯди оби Машҳад дар самти ҷанубу шарқии Шоҳи Зинда дар баландие мавқеъ дошт ва аз он ҷо маҳаллаи яҳудиёни Самарқанд оғоз меёфт. Дар шаҳри Самарқанд ин мактаби ҳафтсола ягона таълимгоҳе буд, ки яҳудиён ба забони тоҷикӣ тадрис мекарданд.

Яке аз рӯзҳо устод Ҳайдархон Ҳодизода, ки ба мо дарси адабиёт мегуфтанд, ногоҳ дари дарсхона кушода шуду шогирде, «мумкин-мӣ, муаллим?» - гуфт. Устод Ҳодизода, ки риштаи суханашон канда шуд, каме нороҳат шуда, то охири дарс роҷеъ ба одоби устоду шогирдӣ, ба дарсҳо дер намондан ва инчунин риоя кардани назокати шогирдӣ бо овардани панду андарзҳо дарсро ба поён расониданд. Мо шогирдон дигар ҳеҷ гоҳ ба дарсҳо дер намемондем ва агар касе дер мемонд, оҳиста дарро кушода, ба синф даромада дар ҷойи холӣ менишаст...

Ин омӯзишгоҳ дар ҳақиқат ҳам маскани илмомӯзӣ ба шумор мерафт. Устодонамон донишмандони мумтоз буданд. Устодон Ҳайдархон Ҳодизода, М. Эгамбердиев, Наимов аз забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфтанд. Падари профессор Ботурхон Валихоҷаев аз риёзиёт дарс медоданд.

Эшон воқеан аҳли савод будаанд, баъд маълум шуд, ки шеърҳои олиҷаноби тоҷикӣ низ мегуфтаанд. Гарчанде омӯзишгоҳ тоҷикӣ бошад ҳам, гурӯҳҳои русӣ ва узбекӣ низ дошт. Дар ин боргоҳи таълим зиёда аз 1800 муҳассил дар як вақт тадрис мекард ва ҳама ба ҳам дӯсту рафиқ буданд. Биноҳои таълимгоҳ якошёна, атрофи онро дарахтони боровар ва гулу гулзорҳо зинат медоданд. Ягон муҳассил ба гулу дарахтон даст намезад, ба қавли мардум «пашша пар занад, садояшро мешунидед», ҳама орому озодаву муназзам буд, касе баланд сӯҳбат намекард.

пешина
аз 315
навбатӣ