Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
теъдоди ҳазор нусха аз нашр баромада байни хонандагон зуд паҳн гардид.
Рӯзӣ АҲМАД
ДОНИШМАНДИ ФАРЗОНА
Соли 1949 мо чанд нафар бачагони деҳотии шаҳрнодидаро, Сайфиев Наҷмӣ, ки ҳоло профессор аст, он вақт муҳассили соли дувуми омӯзишгоҳи омӯзгории тоҷикии шаҳри Самарқанд буд, ба ин шаҳри овозадор роҳнамунӣ намуд. Мо 7 нафар аз рустои Варгонзаи ноҳияи Китоби водии Кешкрӯд ҳуҷҷатҳоямонро супорида, шомили омӯзишгоҳи мазкур шудем. Ин омӯзишгоҳ дар самти шимолу ғарбии шаҳр дар паҳлӯи маҳбаси бузург мавқеъ дошт ва ин кӯчаро Дахбедӣ «Дагбедская» меномиданд.
Мо дар як гурӯҳ 40 нафар толибилмон аз деҳоти гуногуни тоҷикнишини Ҷумҳурии Узбекистон ва Осиёи Миёна дар шаҳри Самарқанд таҳсил мекардем. Чанд нафар ҷавонон аз мактаби ҳафтсолае, ки дар рӯ ба рӯи Шоҳи зинда мавқеъ дошт ва асосан дар ин мактаб яҳудиён ба забони тоҷикӣ таҳсил мекарданд, низ ҳамсабақони мо буданд. Онҳо бо гӯиши яҳудии тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд, ки дар байни онҳо Баҳром Шермуҳаммадов низ буд.
Мо гумон мекардем, ки ӯ низ яҳудӣ аст ва то
имтиҳони нимсола ва аз наздик шиносоӣ ба ин андеша
будем. Баъд аз имтиҳонҳои нимсола як дафъа барои
муваққатан истифодаи китобе ҳамроҳаш ба ҳавлии ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё