Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ҳамеша боифтихор, бо фараҳу шодӣ, бо ёди гузашта ва шукронаи имрӯз дар кӯчаҳои Самарқанд қадам мезанам...» (саҳ. 423).
Аз худи ҳамин чанд ҷумла низ равшан ба назар мерасад, ки муаллиф зодгоҳи худ Самарқандро чӣ андоза дӯст медошт.
Ин гуфтаҳо ҳар як хонандаи китобро ҳам водор мекунад, ки зодгоҳи худро ҳамин тавр дӯст дорад ва бо он ҳамеша ифтихор намояд.
Китоби Расул Ҳодизода «Самарқанднома» хусусиятҳои омехтаи илмӣ, публитсистӣ, таърихӣ ва бадей-хотиротӣ дорад ва аз он пажӯҳишгарон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла забоншиносон ва адабиётшиносон, таърихнигорон, мардумшиносон (этнографҳо), бостоншиносон (археологҳо), табиатшиносон (биологҳо), муҳофизони табиат (экологҳо) ва ғайра маълумотҳои тоза пайдо карда, барои фаъолияти кори худ истифода бурданашон мумкин аст.
Ҳамин тариқ, китоби Расул Ҳодизода «Самарқанднома» оид ба таърихи дурудароз ва чандҳазорсолаи Самарқанд ҳамчун қатрае аз баҳр бошад ҳам, хонандаи имрӯзаро бо саҳифаҳои аёну ноаёни ин шаҳри куҳан ва ҳаёту меҳнат, урфу одат, расму ойини мардуми меҳнатқарин ва меҳмоннавози он шинос менамояд. Ин китобро «қомуси хурди Самарқанд» гӯем, муболиға намешавад.
Мутаассифона, теъдоди чунин як китоби пурмуҳтаво хеле кам буда, он дастраси хонандагони сершумор нагардидааст.
Мо дархости хонандагони сершуморро ба эътибор гирифта, онро бо иҷозати худи муаллиф бо такмили таҳрир ва иловаҳо ба забони узбекӣ тарҷума кардем, ки он тавассути нашриёти «Тафаккур» дар Тошканд бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё