Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Устод Расулхон Ҳодизода соли 1937 ба ин таълимгоҳ шомил шудаанд. Тибқи иттилои дар «Самарқанднома» ва асари ёддоштии «Худоё, худро бишносам» дарҷ гардида, устод Ҳодизода баъди хатми ин маркази илму таълим ва адабу ахлоқ ба Донишгоҳи Самарқанд (САМГУ) ва сипас ба Донишгоҳи Осиёи Миёнагии шаҳри Тошканд дар шӯъбаи шарқшиносӣ дохил шуда, аз беҳтарин шогирдони аълохон буданд. Устод дар ин маскани маърифат-омӯзишгоҳ бо сарварии муаллими адабиёт Одилӣ ба муносибати идҳои инқилобӣ ва ҷашнҳои таърихӣ шеърҳо менавиштанд ва дар муддати як сол яке аз шогирдони пешқадам гардиданд.

Ва муҳаррири рӯзномаи девории омӯзишгоҳ таъйин гардиданд ва сипас устодашон, ки марди фарҳангӣ ва адабиётдӯст будааст, дар як маҳфили адабӣ пешниҳод мекунад, ки ҷавонони шеърдӯст бояд рӯзномаи девории хешро дошта бошанд ва ба муҳарририи ин рӯзномаи адибони ҷавон, ки унвони «Услуби ҷавонон»-ро дошта буд, низ Расулхон Ҳодизодаро муваззаф месозанд. Устод соли 1940 омӯзишгоҳро бо дипломи сурх ба итмом мерасонанд. Сипас ба факултети филологияи Донишгоҳи Самарқанд бе имтиҳони қабул дохил мешаванд. Баъди хатми хониши соли аввал, ки имтиҳонҳоро бо баҳои баланд месупоранд ногаҳон ҳангоми таътил ҷанги хонумонсӯзи дувум сар зада, тамоми нақшаҳои таҳсилро барбод медиҳад. Таҳсил баста мешавад. Мардум дар солҳои ҷанг аз нарасидани маводи ғизоӣ азият мекашанд, устод Расулхон Ҳодизода як муддат дар синфи аввал дарс мегӯянд ва барои таъмини ризқу рӯзии хонавода аз колхоз замин гирифта, чанд муддат деҳқонӣ ҳам мекунанд. Ва таҳсили донишгоҳ, ки барҳам хӯрда буд, чанде пас хабари дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ гардидани факултети шарқшиносиро фаҳмида, тобистони соли 1944 ба Тошканд меоянд ва шомили Донишгоҳи Осиёи

пешина
аз 315
навбатӣ