Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

«...Аммо на мани хурдсол ва на дар оилаву шиносон намешунидам, ки оё Самарқанд шаҳри тоҷик аст ё ӯзбек?
Ба назарам чунин суоле дар он солҳо муҳол буд, ки ба сари касе биёяд. Охир дар Самарқанд зиндагӣ, муомилот, урфу одат, ҳамагӣ тоҷикӣ, дар рӯҳи тоҷикӣ ва дар забони тоҷикӣ буд. Тамоми гузарҳои шаҳр номи тоҷикӣ дошт, баъзе аз ин ном дар замонҳои Восифию Малеҳо (асрҳои XV-XVI - А. Қ.) вуҷуд доштанд...

Дар Самарқанд ғайр аз китобҳои дарсии тоҷикӣ адабиёти бадеӣ ниҳоят бисёр буд. Дар дӯконҳои калони шаҳр китобҳои тоҷикӣ дар рафҳо озодаву ороста меистоданд ва аз шаҳру деҳоти атроф харидорони зиёде доштанд...

Бо вуҷуди чунин рӯҳи тоҷикӣ дар мардуми Самарқанд нисбат ба миллатҳои дигар бегонагӣ ё осоре аз хусумат ҳис намекардам». (саҳ. 12-13).

Дар китоб оид ба таърихи бунёди матбуоти тоҷикӣ дар Самарқанд, аз қабили рӯзномаи маҳбуби тоҷикони Ӯзбекистон «Овози тоҷик», маҷаллаи «Бигиз», таъсиси Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва кормандони нахустини он низ сухан меравад.

Чунонки ишора рафт, муаллиф ба тасвири симои падари модар, модаркалон, ки ҳама шахсони босавод ва фозил будаанд, саҳифаҳои дурахшон бахшида, бештар ҷиҳатҳои маърифатдӯстиву адабдӯстии онҳоро ёдовар мешавад. Тамоми хислатҳои маърифатпарварӣ дар симои волидайн таҷассум шудааст.

Падар - Ҳайдархон Ҳодизода - шахси маорифпарвар ва то охири умр омӯзгор. Донандаи хуби адабиёти классикӣ. Модар - Уламохон - шахси босавод, ки аз падари донишмандаш таълими адаб гирифтааст. Ӯ ашъори Ҳофизи Шерозӣ, Фузулиро хеле дӯст медоштааст. Муаллиф адабиётдӯстиву шеъргӯии ӯро ба хотир оварда, пораеро аз Фузулӣ меорад, ки модараш ҳар

пешина
аз 315
навбатӣ