Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Агентии гидрометеорологии стансияи Хуҷанд ба ҳайси ФКВД «Тоҷикаэронавигатсия» шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Айни замон, Истгоҳи Авиатсионии Метеорологии Шаҳрвандии Хуҷанд (ИАМШ) мутахассисон зеринро дар бар мегирад.

Гурӯҳи пешгӯии метеорологӣ (муҳандис-метеоролог) - мутахассисони дорои маълумоти олӣ буда, чунин вазифаҳоро иҷро менамоянд:

  • тартиб додани пешгӯиҳои шабонарӯзӣ, тартиб додан ва паҳн кардани бонгҳои ҳавой, офатҳои табиие, ки ба бехатарии парвоз таъсири калон дорад, мебошад. Дар ҷои кории муҳандис-метеорологҳо барномаи «Метео Эксперт» насб карда шудааст.

Муҳандис-метеорологҳо, ки ба гурӯҳи пешгӯии метеорологӣ дохил мешаванд, бо дигар нуқтаҳои метеорологӣ маълумотро додугирифт мекунанд. Бо ҳайати экипаж дастурҳои пеш аз парвозӣ мегузаронанд. Маълумотномаҳои иқлимӣ тартиб медиҳанд.

Нуқтаи асосии мурокиба (техник-метеоролог) мушоҳидаи шабонарӯзии боду ҳаво ба зимаи онҳо мебошад. Барои ба дараҷаи олӣ иҷро намудани вазифаи худ техник-метеорологҳо бетаъхир мушоҳидаҳоро иҷро намуда, ҳар як сӣ дақиқа, дар ҳолати бад шудани боду ҳаво фавран натиҷаи қорашонро ҳамчун

пешина
аз 275
навбатӣ