Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

аэродроми Кӯлоб вогузор карда шудааст. Истифодаи ахбороти боду ҳавосанҷӣ (метеорологӣ) чӣ дар дохил ва берун аз аэродроми Кӯлоб бо воситаи таҷҳизотҳои автоматикӣ ирсол карда мешаванд. Бо гузашти замон ва тибқи талаботи Ташкилоти Байналхалқии Авиатсияи Граждании (ИКАО) ва Агенттии авиатсияи гражданӣ назди Ҳукумати ҶТ ҳама таҷҳизоти пешин бо таҷҳизоти нави автоматикӣ, аз ҷумла «VAISALA», «AVIMET», «ATIS», «AFTN» ва радиостансияи сенсории «Frequentis» насб шуда, сатҳи кору сифати таъминоти ахбороти метеорологӣ баланд гардидааст. Утоқҳои кории шӯъба барои кору фаъолияти кормандон бо шароити муфиду тибқи талаботи корӣ фароҳам гардида, кормандон ҳамарӯза кору фаъолияти ба зиммадоштаро иҷро карда истодаанд.

Филиали КВД «ТАН» дар шаҳри Бохтар ҳам аз оғози фаъолият хизматрасонии ҳаракати тайёраҳо, иҷрои хатсайрҳо ва бехатарии онҳоро таъмин карда истодааст. Дар соли аввали корӣ шумораи кормандони бахш 15 нафарро ташкил медод. Бо мурури замон ва зиёд шудани хатсайрҳо, пешрафти технологияи ҳозиразамон аз тарафи КВД «ТАН» таҷҳизоти лозима, барои пешрафти кор дастрас шуда, васлу насб карда шуд. Бо дастгирии директори генералии корхона

пешина
аз 275
навбатӣ