Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
КВД «ТАН» ба ҳисоб меравад. Ба ҳайати МАМ гурӯҳи пешгӯии метеорологӣ ва Нуқтаи асосии муроқиба дохил мешаванд. Дар МАМ 18 мутахассис фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, 1 нафар сардор, 8 муҳандис-метеоролог ва 9 техник-метеоролог. МАМ аз зерсохторҳо иборат мебошад, ки онҳо дар филиалҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар мавҷуданд.
Зерсохтори Истгоҳи авиатсионии метеорогии шаҳрвандӣ дар филиали шаҳри Хуҷанд ба дараҷаи I тааллуқ дорад ва он низ аз гурӯҳи пешгӯии метеорологӣ ва нуқтаи асосии муроқиба иборат мебошад. Бояд қайд кард, ки истгоҳи метеорологии корхона дар шаҳри Хуҷанд дуюмин ва кӯҳантарин истгоҳ дар Осиёи Миё-на ба ҳисоб меравад, ки дар соли 1866 ташкил шуда, то ҳол фаъолият менамояд. Дар ИАМШ (Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандӣ) и филиал 13 мутахассис фаъолият доранд. Аз ҷумла, 1 сардори ИАМШ, 4 муҳандис-метеоролог ва 8 техник-метеоролог.
Зерсохторҳои Истгоҳи авиатсионии метеорогии шаҳрвандӣ дар филиалҳои Кӯлоб ва Бохтар ба дараҷаи IV тааллуқ доранд. Онҳо аз нуқтаи асосии муроқиба иборат мебошанд. Дар ИАМШ-и ин филиалҳо 5 нафарӣ мутахассис фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, 1

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё