Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

бо онҳо мунтазам давраҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисиву русӣ ташкил карда мешаванд. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокӣ ва одоби касбии кормандон дар хадамоту шуъбаҳои дахлдор таълими махсуси қоидаҳои муошират бо мусофирон ва омӯзиши одобномаи корманди фурудгоҳ ба роҳ монда шудааст. Хадамоту шуъбаҳое, ки бевосита бо хизматрасонии мусофирон сарукор доранд, вазифадор карда шудаанд, ки ҳамарӯза бо мусофирон, аз ҷумла, муҳоҷирон ва меҳмонони кишвар пурсишҳою мониторинг гузаронида, дархосту талабҳои онҳоро ба қайд гиранд ва минбаъд мавриди эътибору корбарӣ қарор диҳанд.

Беҳтар намудани шароити кору фароғати кормандон ва ҳифзи саломатии онҳо бахши муҳими сиёсати дохилии меҳнатии роҳбарияти муассисаро ташкил мекунад. Дар фурудгоҳ Кумитаи иттифоқи касаба фаъол аст, ки роҳбарии онро бонуи заҳматкарину кордон Гулчеҳра Ҷалолова бар дӯш дорад. Ӯ ҳама вақт вазифаҳои ба зимагузоштаро сари вақту босифат анҷом медиҳад. Кормандони фурудгоҳ ва аҳли оилаи онҳо дар қисми тиббӣ - санитарӣ ройгон аз муоина гузашта, табобат мегиранд. Фарзандони хурдсоли онҳо дар кӯдакистони идории фурудгоҳ ба таҳсилу тарбия фаро

пешина
аз 275
навбатӣ