Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

дилбастагӣ доранд ва дар пешрафти он саҳиманд. Фарзандони ӯ Салим, Азим ва Наим дар Суғд дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ ба воя расидаанду бо роҳи падар рафтаанд. Азим хатмкардаи Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва буда, Салим низ Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании Санкт-Петербургро аз рӯи ихтисоси истифодабарии ҳавопаймоҳо ва идоракунии ҳаракати ҳавоиро ба итмом расонида, аз соли 2019 инҷониб дар ширкати ҳавопаймоии «AZUR» ба ҳайси роҳбари намояндагии маркази ҳавоии Москва фаъолият дорад. Наим бошад, дар Донишгоҳи федералии Қазон таҳсил дошт. Ҳамсари меҳрубонаш Малика низ корманди фурудгоҳ аст.

Имрӯзҳо Давлатшо Шобутолибовро тамоми кормандони соҳаи ҳавопаймоӣ мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ӯ дилбохтаи кори хеш ва ҳанӯз ҳам дар пайи омӯзиши касб аст. Фарзандону шогирдонашро низ дар ин ҷода тарбияву ҳидоят мекунад.

пешина
аз 275
навбатӣ