Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон идома дод.

Роҳбарияти коргоҳ ва ҳамкорон заҳматҳояшро медиданду кадрдонӣ мекарданд. Касбияти ӯро дар фаъолияти корӣ ба назар гирифта, соли 2011 ӯро муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва соли 2012 муовини аввали директори генералии ин фурудгоҳ таъин намуданд. Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш барои такмили тахассус, мубодилаи таҷриба ва омӯзиши навгониҳои соҳа ба кишварҳои хориҷа аз қабили Туркия, Чин, Украина ва Россия сафарҳои корӣ анҷом додааст. Пасон, таҷрибаи андӯхтаашро дар коргоҳаш ба ҳамкасбону шогирдон манзур менамуд. Дар ҳар кор маслиҳатгару мададгори мутахассисони ҷавон аст. Шогирдони зиёдро тарбия кардаву касб омӯзондааст.

Дар давоми сӯҳбат танҳо аз фаъолияти фурудгоҳи Хуҷанд ҳарф мезад. Ӯ аз муваффақиятҳо, нақшаҳо ва мушкилоти кор бо завқ мегуфту, маълум буд, ки ба касбаш меҳри беандоза дорад. Меҳри касб, кордонӣ ва росткориаш буд, ки чунин мартабаи баландро соҳиб гаштааст.

Оилаи Давлатшо — ака тақдири хешро ба соҳаи
авиация бахшидаанд. Онҳо ҳама ба соҳаи авиация

пешина
аз 275
навбатӣ