Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ноҳияи Шуғнони ВМКБ озими шаҳри Рилски Россия шуд. Донишҷӯи Омӯзишгоҳи авиатсионӣ - техникии авиатсияи гарждании шаҳри Рилски Федератсияи Русия шуда, давоми 4 сол дар ин макони таълимӣ тамоми нозукиҳои касбро ёд мегирифт. Баъди хатми бомуваффақонаи омӯзишгоҳи номбурда роҳи кишвари азизашро пеш гирифт ва мувофиқи роҳхат ба бунгоҳи истифодабарии таҷҳизоти радиотехникӣ ва алоқаи корхонаи ҳавопаймоии Ленинобод (ҳозира Суғд) ба ҳайси техники радиолакатсионӣ ба кор даромад. Тақдир ва меҳри касб ӯро аз Бадахшон ба Суғд оварду акнун як шаҳрванди фахрии ин вилоят байни ҳамкасбон ва ҳамсояҳо эътибору обрӯ пайдо кардааст.
Ҳамаи ин шуҳраташ аз ин коргоҳи хурдакак оғоз гардид. Дар ин ҷо Давлатшоҳ - ака аввал ба ҳайси техник, баъдан муҳандис оид ба радиолакатсия, сипас муҳандиси пешбар кор мекард. Чун касбашро дӯст медошт ва софдилона меҳнат мекард, аввал ӯро ҷонишини директор оид ба маҷмааи аэронавигатсионӣ ва сипас, сардори бунгоҳи истифодабарии таҷҳизоти радиотехникӣ ва алоқа таъин намуданд. Давоми фаъолияти чандсолааш дар ин вазифа ҳамзамон аз пайи омӯзиш ва такмили ихтисосаш буд. Ин буд, ки ҷиҳати сайкал додани донишаш таҳсилро дар факултаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо