Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
калонҳаҷм ғайриимкон буд. Бо мурури замон ва куҳнаву фарсудашавии муҳаррикҳо ва истифодабарии ҳавопаймоҳои тамғаи ЯК-40 дар тамоми фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ парвози онҳо манъ карда шуд.
Даврони соҳибистиқлолии Ватани мо имкон фароҳам овард, ки фурудгоҳи Қӯрғонтеппа хати парвозҳоро то 300 метр дароз намояд. Бори нахуст фурудгоҳи номбурда тайёраи калонҳаҷми тамғаи ЯК - 42 - ро аз фурудгоҳи Домодедовой Федерасияи Россия қабул намуд, ки ин ҳамчун рӯйдоди таърихӣ дар китоби авиасияи тоҷик сабт гардидааст.
Пасон, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз фурудгоҳи Бохтар бо ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг 737-500 парвозҳоро ба шаҳрҳои Федерасияи Россия оғоз намуда, муддате бо фурудгоҳи Бохтар ҳамкорӣ дошт, вале ҷиҳати норасоии тайёраҳо парвозҳоро аз фурудгоҳи номбурда қатъ намуд ва риштаи ҳамкориҳо гусаста гардиданд.
Солҳои 2012 - 2014 ҳамкориҳои ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» бо ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» идома ёфта, барои интиқоли мусофирон бо ҳавопаймоҳои Аэробус 319 ва 320, Боинг 737 - 300 мавриди истифода қарор дода шуданд.
Соли 2015 бошад, ширкати ҳавопаймоии хориҷии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё