Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

САМТҲОИ РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ
ФУРУДГОҲИ БОХТАР

Соли гузашта аҳли кормандони ҶСК «Фрудгоҳи байналмилалии Бохтар» 55 - солагии таъсисёбии фурудгоҳро бо ифтихор ҷашн гирифтанд. Аслан соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатамон ба ҶСК «Фрудгоҳи байналмилалии Бохтар» ҳам домони истифодаи имконоти мавҷударо васеъ кушода, майдони фарохи рушду пешрафтро муҳайё намуд. Фурудгоҳи собиқи Қӯрғонтеппа, (ҳоло «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар») аз 28 декабри соли 1968 мавриди истифодабарӣ қарор дошта, он замон, аслан, барои гузаронидани корҳои дорупошии майдони пахтазор ба воситаи тайёраҳои тамғаи АН - 2 истифода мешуд. Баъдтар аз фурудгоҳи Бохтар барои интиқоли мусофирон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он (Қазокистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон (Самарқанд, Бухоро) ва Туркманистон) тариқи тайёраи Як - 40 ба роҳ монда шуд.

То ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ хати парвози фурудгоҳи Бохтар 1985 метрро ташкил медод, ки ин барои парвозу фурудоии ҳавопаймоҳои

пешина
аз 275
навбатӣ