Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
«ВИМ Авиа»-и Россия аз фурудгоҳи Бохтар бо ҳавопаймои тамғаи А 319 ва А 320 парвозҳоро ба фурудгоҳҳои Жуковский ва Домодедовои Федерасияи Россия оғоз намуд ва ду сол бо фурудгоҳи Бохтар ҳамкорӣ кард.
Моҳи октябри соли 2016 корҳои сохтмонии дароз намудани хати парвозу фурудгоҳ ва мустаҳкамкунии соҳилҳои дарёи Вахш оғоз гардида, моҳи марти соли 2017 ба анҷом расонида шуд. Дар натиҷа хати парвозу фурудгоҳи фурудгоҳи Бохтар 165 метр дароз карда шуд, ки дарозии умумии хати парвози фурудгоҳ 2450 метрро ташкил дод. Ин имкон дод, ки фурудгоҳ ҳавопаймоҳои калонҳаҷмро қабул намояд. Худи ҳамон сол фурудгоҳ аз Россия автомашинаи сӯхторхомӯшкунии тамғаи КАМАЗ-ро дастрас намуд, ки барои фурудгоҳи Бохтар дар замони Истиқлоли давлатӣ аввалин автомашинаи махсуси нав ба ҳисоб мерафт.
Моҳи декабри соли 2018 ширкати ҳавопаймоии
«Северний ветер»-и Россия аз фурудгоҳи Бохтар
бо ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг 737-800 парвозҳоро ба
шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург,
Қазон, Омск, Челябинск, Оренбург ва дигар шаҳрҳо
анҷом дод. Аз 20 марти соли 2020 бо сабаби паҳншавии
бемории сироятии COVID-19 парвозҳо аз фурудгоҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё