Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
СОХТМОНИ БИНОҲОВУ ИНШООТҲОИ
ХИЗМАТРАСОНИИ ВА БУНЁДИ
ИНФРАСОХТОРИ МУОСИР
Дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ҷиҳати мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба стандартҳо ва талаботи байналмилалӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини сатҳи баланди бехатарии парвозҳо корҳои бунёдиву азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии иншооти гуногуни хизматрасонӣ босуръат идома доранд.
Дар доираи Лоиҳаи «Таҷдиду васеъкунии перрони фурудгоҳ» корҳои мумфаршкунӣ ва васеъ намудани роҳҳои гардишӣ барои ҳавопаймоҳо босуръат идома доранд. Соли 2023, дар масоҳати 17000 м² се қабат асфалт дар ҳаҷми 11 ҳазор тонна хобонида шудааст, ки дар умум масоҳати беш аз 50 000 м²-ро дар бар мегирад.
Ин масоҳати бо 50 км роҳи мошингард ё 35 майдони футбол баробар мебошад, ки ин мавзеи перронро хеле васею барҳаво ва теъдоди истгоҳи ҳавопаймоҳоро то 25 адад зиёд намудааст. Лозим ба таъкид аст, ки асфалти баландсифат дар заводи мум ва бетони худи фурудгоҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё