Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
истеҳсол ва хобонда мешавад. Бо тасмими роҳбарияти фурудгоҳ ҷиҳати гузаштан ба сӯзишвории каммасраф соли 2022 таҷҳизоти заводи мазкур ба сӯзишвории гази табиӣ иваз гардида, кори завод ва сифати технологияи истеҳсоли асфалт боз ҳам беҳтар шудааст. Корҳо оид ба такмили инфрасохтори фурудгоҳ ва татбиқи лоиҳаи таҷдиду муҷаҳҳазгардонии перрон мунтазам идома доранд.
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳудуди фурудгоҳ ва тақвият бахшидан ба чораҳо ҷиҳати мушоҳидаи шабонарӯзии минтақаҳои канории он то ҳол корҳо оид ба азнавсозии ҳимоядеворҳо, рӯшанкунии минтақаҳои канорӣ дар вақти шабона ва васлу насби камераҳои иловагии назорати босуръат идома доранд. Аз соли 2018 то инҷониб деворҳои канории фурудгоҳ ба 5000 м бо баландии 4 м сохта шудаанд. Барои азнавсозии деворҳо дар фурудгоҳ сехи хурди хиштбарорӣ бо иқтидори 600 -700 дона хишт дар як рӯз фаъолият мекунад.
Дар биноҳои меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав корҳои пардозгарии дохили бино идома доранд. Дар таҳхонаи ошхона ҳуҷраҳо барои омода кардани хӯрок ва нигоҳдории маҳсулот бунёд шудаанд. Бинои меҳмонхона аз 5 ошёна ва 90 ҳуҷра иборат буда, дорои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё