Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ТЕХНИКАИ НАВ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ

Техникаи хизматрасонии рӯизаминӣ – парки мошинҳои махсуси перронӣ ва дигар нақлиёти фурудгоҳ азнавсозӣ гардидааст. Парки мошинҳои хизматрасонии перронӣ пурра нав карда шудааст. Барои мукаммал ва муосиргардонии парки мошинҳои махсуси перронии фурудгоҳ давоми солҳои 2016 - 2023 беш аз 150 техника ва мошинҳои махсус дастрас шуданд. Аз ҷумла, 4 тайёракаш (тягач) барои кашидани ҳавопаймо, 8 зинапоя (трап), 3 автобуси тамғаи «Кобус», ки имрӯз асосан дар таҷрибаи фурудгоҳҳои Аврупо истифода мешаванд, ду мошини роҳнамои ҳавопаймои тамғаи «Хундай», ҳашт «Тойота», як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, як амбулифт, ду автобуси нав барои интиқоли кормандон ба шаҳри Хуҷанд ва ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, чор тасмаи (лентаи) чархзанандаи замонавии тақсими бағоҷи мусофирон, як крани борбардор ва дигар техникаҳо дастрас карда шуданд.

Барои нигоҳдории техникаҳои фурудгоҳ мошинсарои замонавӣ бунёд шудааст ва дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми он утоқҳои кории кормандон сохта мешавад.

пешина
аз 275
навбатӣ