Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
будан мебошад. Системаи ақоидҳои иқтисодӣ бояд чунин ташкил карда шаванд, ки аз ҳамаи фикрҳои нодуруст ва кӯҳнашуда дар амон буда, ба ягон раванди сиёсӣ - динӣ ё худ мазҳабӣ пайваст нагардад. Аксар маврид мушоҳида мешавад, ки иқтисодшиносони бузурги мо, арбобони илм, равандҳои алоҳидаи ин илмро нодуруст муаррифӣ намуда, ба хатоҳои илмию сиёсӣ роҳ медиҳанд, ки ба Тоҷикистон натиҷаҳои зиёди манфӣ оварда истодааст. Инчунин, нодуруст мебуд агар мо ин ё он масоили иқтисодиро дар ҳудуди сохторҳои мавҷудбуда, баҳо дода ҳаллу фасл намоем. Баръакс, пешниҳоди ин ё он ақида дар асоси пойдевори мустаҳками илмии васеи гузашта, ҳозира ва оянда баҳо дода шавад, хеле хуб мебуд. Чунин тадқиқот дар ҳақиқат воқеӣ буда, дорои ҳисоби иқтисодӣ ё худ мазмуни илмӣ мебошад.
Аксар олимон имрӯз дар он ақида мебошанд, ки гӯё дар Тоҷикистони имрӯз дар фаҳмиш ва рафтори одамон фаъолиятҳои нодурусти бидуни асосҳои илмӣ ба назар мерасад. Дуруст аст, ки одамон ҳама чизро пешгӯӣ карда наметавонанд ва чунин қобилияти ҳамаро пурра дарк кардан низ надоранд, аммо донишҳои дақиқе, ки ҳар як шахс вобаста ба қобилияти худ ба даст меорад, метавонад, барои ба мақсадҳои худ расидан дар роҳи бепоёни дониш ҳамчун роҳнамо хизмат намояд. Аз ин ҷо хоҳ нохоҳ ҳар як қисми роҳе, ки мову шумо тай менамоем, аз мо боз донишу таҷриба ва қуввату ғайрати иловагӣ талаб менамояд ва он бояд объекти омӯзиши илми иқтисодӣ гардад. Бинобар ин, илми иқтисодиро «Илми зинда» арзёбӣ намудан дуруст мебошад. Организми зинда доимо дар тағйирот буда, нигоҳубинро талаб мекунад.
Қайд бояд кард, ки баъзе рақибон чунин ақида доранд, ки гӯё илми иқтисодӣ табиӣ ё худ «зинда» шуда наметавонад. Дар ҳақиқат ин гуна олимон гумон доранд, ки гӯё тадқиқоти лаборатории онҳо аз рӯи асарҳои кӯҳнашудаи асрҳои гузашта «дуруст» ё худ «ҳақиқат» мебошанд, аммо мувофиқи гуфтори халқ «шутур качин худоро намебинад», ин шахсон моҳияти хоҳиш ва рафтори одамонро, ки дар замони нав, асри XXI ба куллӣ фарқ мекунад, дида наметавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор