Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

онҳо, яъне фаъолият ба мақсади таъмини моддӣ ва хизматрасониро дар бар мегирифт, ки барои беҳтаршавии дараҷаи зиндагӣ кӯмак мерасонад.

Ҳар як қарори одамон ин интихоб мебошад. Интихоб тамоми арзишҳои инсониро дар бар мегирад. Тамоми мақсад ва воситаҳо, мавод ва ақидаҳо, баландию пастӣ, некию бадӣ дар як қатор қарор гирифта, қароре ба миён меоранд, ки «интихоб» ном дорад. Аз ин нуқтаи назар назарияи арзишҳо имрӯз майдони назарияи иқтисодиро васеъ намуда, ба назарияи фаъолияти одамон — праксология мубаддал гаштааст, ки онро аввалин маротиба олими фаронсавӣ Эспинас соли 1890 истифода намуда буд.

Дар ҳолате ки назарияи иқтисодиро ҳамчун восита ё худ яроқи сиёсӣ истифода мекунанд, ин назария ҳамчун илм функцияи худро гум карда, ба сухани ғайривоқеӣ мубаддал мегардад. Ҳайратовар он аст, ки дар тадқиқ ва инкишофи илмҳои дигар ба монандӣ физика ва дар тадқиқоти лаборатории онҳо идеологияи буржуазӣ, исломӣ ё худ сионизм таъсир намерасонанд.
Чунин рафторро мо иқтисодшиносон низ бояд дошта бошем, яъне дар тадқиқоти илми иқтисодӣ ба гуфтори беасос ва сиёсати муваққатӣ роҳ надиҳем.

Чунон ки бузургон мефармоянд, новобаста ба он, ки мо дар кадом давру замон ва сохтори давлатдорӣ зиндагонӣ менамоем, «Ҳақиқат бояд ҳақиқат бошад». Таҷриба нишон медиҳад, ки таъсири сиёсатмадорон ва дигар арбобони давлатӣ, нисбат ба физикаю математика ба илми иқтисодӣ зиёд мебошад, аммо аз натиҷаи самараноки илмҳои иқтисодӣ новобаста ба халқу миллат, қавлу қабила ҳама баҳраманд мегарданд. Бинобар ин, праксология ҳамчун раванди асосии илми иқтисодӣ фаъолияти имрӯзаи одамон набуда, балки имконот ва хоҳишҳое мебошанд, ки одамон дар оянда бояд дастрас намоянд.

Вазифаи асосии илми иқтисодӣ — ин асоснок намудани фаъолияти воқеии одамон бо фикрронии мусбии онҳо барои муваффақ шудан ба ҳадафҳояшон, волои инсонӣ мебошад. Бинобар ин, ҳаракатҳое, ки назарияи иқтисодиро хоси ин ё он замони шахшуда ё худ беинкишоф нишон медиҳад, нодуруст буда, қарзи волои ин илм доимо дар сафи пеши «хоҳиши одамон»

пешина
аз 522
навбатӣ