Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

90-уми қарни XX бисёр дидааст ва имрӯзҳо низ аз сар гузаронида истодааст.

Масоили рушди босуботи башарӣ ва мавқеи асосӣ доштани одамонро дар инкишофи иқтисодӣ ҳанӯз классикони назарияи иқтисодӣ А.Смит, Рикардо ва дигар иқтисодшиносон А.Маршал, Д.М.Кейнс, Т.Шульц таҳлил карда, ба хулосае омаданд, ки «Одам, на фақат сарчашмаи боигарӣ, балки ӯ худ қисми таркибии боигарии ҳар як мамлакат мебошад». Инчунин тибқи нишондод ва маълумотҳо сармояе, ки барои инкишофи башарӣ равона карда мешавад, нисбати дигар соҳаҳо 5-7 маротиба самараи баланд дорад. Аз ин нигоҳ, аллакай, дар солҳои 70-уми қарни гузашта давлатҳои пешқадам аз қабили Ҷопон, ИМА, Корея, Олмон «Инкишофи башарӣ»-ро асоси инкишофи иқтисодии давлат ҳисобида, қариб то 60-65% сармояро ба ин соҳа равона месохтанд ва омӯзишу маълумотгириро ҳамчун як ҷараёни бемайлон аз рӯи мақоли «Аз гаҳвора то гӯр» ҷорӣ намудаанд, ки дар натиҷа дар як муддати кӯтоҳ имрӯзҳо ба муваффақиятҳои хеле калоне ноил гаштаанд. Мисол, дар ИМА, Ҷопон, Тайланд, Корея ҳиссаи хароҷоти маориф дар 30 соли охир ду маротиба зиёд гашта, имрӯзҳо аз 100 ҷавони синни аз 17 то 23 сола дар ИМА 55-60 нафар ва дар Ҷопон 60-65 нафарашон маълумоти олӣ мегиранд. Ин омил яке аз нишондиҳандаҳои инкишофи босуботи иқтисодии ин давлатҳо дар шароити имрӯза ва оянда мебошад.

Аз рӯи ҳисоби баъзе иқтисодшиносон дар Ҷопон ба ҳисоби миёна ба ҳар як одам, барои омӯзиш ва тайёр кардани як мутахассис то 400 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ сарф гардида, дар тамоми давраи ҳаёташ ин маблағ зиёда аз 800 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Назарияи арзишии иқтисоддонҳои классикӣ имрӯз моҳияти худро гум карда истода, ба дигар арзиш - яъне (интихоб) хоҳиши бозории одамон мубаддал гаштааст, ки ин вазифаи омӯзиши ояндаи илми иқтисодӣ мебошад, яъне назарияи интихоб (хоҳиш) аллакай аз ҳудуди он масоили иқтисодие, ки ҳанӯз дар замони худ Кантилон, Юма, Адам Смит ва Ҷон Стюрт Милл гуфта буданд, берун мебарояд. Ақидаи онҳо фақат як тарафи масъала хоҳиши

пешина
аз 522
навбатӣ