Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Гурӯҳи дигари олимон дар чунин ақида мебошанд, ки гӯё илми сотсиология вазифаи худро иҷро накарда истодааст. Бинобар ин, одамон азоби гуруснагӣ ва қашшоқӣ мекашанд. Ин гуна олимон ё худ шахсон дарк намекунанд, ки баъзе сиёсатмадорон дастовардҳои илми иқтисодиро ба манфиати худ истифода бурда, бар зидди урфу одат, хоҳиш ва интихобу фаъолияти одамон баромад мекунанд ва дар як давраи муайян ба муваффақият ноил гашта, баъд аз чанде мавқеи худро аз даст медиҳанд. Гурӯҳи асосии одамон ба чунин шахсон нафрат пайдо менамоянд ва ин хусумат то ба зиддиятҳои калони шадиди миллӣ оварда мерасонад, ки аксари очеркҳои таърихӣ ва ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта барои мо тоҷикон гувоҳ мебошанд.
Бинобар ин, илми иқтисодиро аз рӯи хоҳиш, фикру ақида ё худ тарҳи пешниҳодшудае, ки дар ин ё он замон сохта мешавад, баҳо додан ё худ таблиғот намудан нодуруст мебуд, яъне илми иқтисодӣ набояд илми «реаксионӣ» ё худ мутлақе бошад, ки гӯё даровардани ягон дигаргуние ғайриимкон бошад. Ё худ сиёсати иқтисодии ин ё он давлат наметавонад, ки барои инкишофи иқтисодии тамоми халқу миллатҳо тарҳи ягона гардад. Таърихи қадиман зиёда аз 7000 солаи миллати тоҷик намегузорад, ки имрӯз роҳҳо ва тарзу усули фаъолиятеро пеша намоем, ки ба таърих, урфу одат, анъана ва дину оини миллати мо зид бошад.
Бинобар ин, назарияи менеҷменти касбии Тоҷикистон бояд дорои он мақсад ва вазифаҳое бошад, ки ба халқу миллати тоҷик хос буда, барои ба мақсадҳои ниҳоии одамон - «зиндагонии хуб» расидан кӯмак намояд.
Аз нигоҳи мо шахсе ба мақсади ниҳоӣ мерасад, ки инкишоф ёфта бошад, яъне ҳамчун «шахсият» ӯро гурӯҳи муайяни одамон шинохта бошанд. Ҳанӯз дар замони худ файласуфи бузург И. Кант (1792) дар асари худ «Дин доираи ақл» се дараҷаи инкишофи башарро муайян намуда буд:
- одам ҳамчун организми зинда;
- одам ҳамчун организми зинда ва фард;
- одам ҳамчун организми зинда, боақл ва қобилияти масъулиятнокӣ дошта (шахсият).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор