Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
барқии обии Сангтӯда ва Роғун, ташкили корхонаҳои муштарак дар бахши мошинсозӣ, нақлиёт, коркарди алюминий ҳамкориҳо мебошанд, ки барои он ба миқдори 2 млрд. доллари ИМА аз тарафи давлати Россия дар оянда маблағгузорӣ карда мешаванд. Инчунин, ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон дар маблағгузории иқтисодиёти Тоҷикистон шартнома ба имзо расонидаанд, ки ҳиссагузорӣ менамоянд. Албатта, ҳамаи ин барои ривоҷу равнати ояндаи менеҷменти Тоҷикистон ва давлатдории он мақоми арзанда дорад.
40.3. Хусусиятҳои хоси инкишофи соҳибкорӣ ва менеҷмент дар Тоҷикистон
Баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан ба иқтисоди бозорӣ шурӯъ гардид.
Асоси ҳуқуқии иқтисоди бозориро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994-ум дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, инчунин як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мекунад.
Дар моддаи 12-уми Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил мекунад. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро қафолат медиҳад».
Ҳуҷҷатҳои номбаршуда санадҳои асосие гардидаанд, ки дар Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ ва хоҷагидорӣ амал кунад.
Иқтисоди бозорӣ низ дар асоси рақобати озоди шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ ва хоҷагидорӣ ва роҳбарӣ амал карда инкишоф меёбад.
Аз дигар тараф як қатор фармонҳои Президенти мамлакат, қонунҳо ва дигар асноди нормативии иловагӣ, ки дар ҷараёни ислоҳот қабул гардиданд, ба рушди иқтисоди бозории Тоҷикистон кӯмак мерасонад.
Хусусияти хоси иқтисоди бозорӣ дар Тоҷикистон дар он аст, ки зиёда аз 75% аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагонӣ карда қариб 55% аҳолии қувваи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор