Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аз нишондиҳандаҳои ҷадвали 1 бармеояд, ки ба ҳар як сари аҳолӣ истеҳсоли сабзавот - 25,7 кг, шир - 34,7 кг, гӯшт - 20,2 кг., тухм - 72,5 дона кам гаштааст. Истеҳсоли аксари маҳсулотҳои кишоварзӣ аз меъёри истеъмолӣ хеле кам аст, чунончи сабзавот - 42,6 кг, тухм 216,6 дона, мевагӣ - 66,6 кг, гӯшт - 62,3 кг. Барои таъмини пурраи инкишофи башарӣ моро зарур аст, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро аз ҳар як гектар, назар ба имрӯза 3,4 маротиба зиёд намоем.

Раванди инкишоф - ин раванд ҳамон унсурҳои менеҷментро дар бар мегирад, ки ба мақсади «зиндагонии хуби одамон» равона карда шуда бошад, яъне зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар ҷамъият бояд шароити зиндагии хуби одамонро таъмин созад. Бинобар ақидаи файласуфони бузург Суқрот, Афлотун, Гераклит, Арасту, ки то имрӯз бо бузургии худ дар ҷаҳон маъруфанд, моҳияти устувории меҳнатро ҳамон вақт баҳо медиҳанд, ки он бошуурона буда, дуруст ташкил шуда бошад. «Меҳнати устувор, меҳнати самаранок, меҳнати ҳамон зироаткорро мешуморанд, ки пойдевори зиндагӣ он шахс бошад. Меҳнати гуломе, ки аз воситаҳои истеҳсолот ҷудо буда, бешуурона ва беақлона нуро мешавад, ҳеҷ гоҳ меҳнати намунавӣ, ҳавасмандӣ ё ин ки пешқадам буда наметавонад». Чунин муносибатҳо бояд дар ташкили истеҳсолоти мардуми тоҷик ва менеҷменти касбии Тоҷикистон пурра аз байн бардошта шуда, тақсимоти даромадҳо ва захираҳо боадолатона ба роҳ монда шаванд. Асри XXI, ки асри арзишҳои баланди инсонӣ буда, инкишофи илму техника ба дараҷаи аълои худ расидааст, мо бояд дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти худ кӯшиш намоем, то аз меҳнати мушкили дастӣ ва асоси илмӣ надошта даст кашем. Танҳо бо чунин роҳ мо метавонем ҷомеаи шукуфо барпо намуда, ба зиндагии хуб бирасем, ки қисме аз давлатҳои пешқадами дунё, аз қабили Шветсария, Ҷопон, ИМА, Англия, Олмон ва дигарон ноил гаштаанд.

Моҳи октябри соли 2004 бо саъю кӯшиши бевоситаи Президенти
мамлакатамон, мӯҳтарам, Э.Ш.Раҳмонов вохӯрии президентони давлатҳои
Осиёи Марказӣ ва Россия дар Душанбе баргузор гардид, ки дар он як қатор
масъалаҳои иқтисодию сиёсӣ ҳалли амалии худро ёфтанд. Ин пеш аз ҳама дохил
шудани Россия ба Созмони ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ташкили
базаи ҳарбӣ дар Тоҷикистон буд. Иштироки Россия дар сохтмони нерӯгоҳҳон

пешина
аз 522
навбатӣ