Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сирояткунандаи вобаста ба ифлосшавии об ва ҳаво ба миён омада, инчунин, хӯроки бесифат ҳисороти зиёд дида, фавти кӯдакони то 5-сола хеле назаррас мушоҳида мешавад. Дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 60% аҳолӣ камбизоат буда, қариб 85% дар қишлоқҳо зиндагонӣ мекунанд. Дар ҳудуди 80% маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар заминҳои обӣ истеҳсол карда мешаванд, аммо зиёда аз нисфи ин захираи тиллоӣ (замин) ба эрозия, шӯразоршавӣ ва дигар касалиҳо гирифтор шудаанд ва беҳтар кардани ин ҳолат бояд вазифаи асосии менеҷменти касбӣ дар ояндаи наздик гардад.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта мардуми деҳот бо сабаби камбизоатӣ заминҳои талу теппаҳоро шудгор намуданд, ки дар натиҷа имрӯз қариб 30-40% қишлоқҷойҳоро хатари экологӣ фаро гирифтааст.

Барои Тоҷикистон алоқамандии экологӣ, камбизоатӣ, афзоиши аҳолӣ ва менеҷмент хислати хоси худро доро мебошад. Суръати афзоиши аҳолӣ соле 3-3,2% зиёд шуда, нисбат ба солҳои 70-уми асри гузашта аҳолӣ зиёда аз 3 маротиба зиёд шудааст. Мувофиқи пешгӯии мутахассисон бо ин суръати афзоиш то солҳои 2010 аҳолии Тоҷикистон то ба 10-12 млн. мерасад.

Барои таъмин намудани талаботи афзояндаи аҳолӣ мутахассисон муайян намудаанд, ки 2 маротиба калорияи зиёд лозим мебошад, аммо чунончи дар ҷадвали 1 нишон дода шудааст, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳар як сари аҳолӣ сол аз сол кам шуда истодааст, ки ин ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест.

Ҷадвали 1.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба як нафар аҳолии Тоҷикистон

19912003Соли 2003 нисбат ба соли 1991 + -Меъёри истеъ- мол ба 1 одамФарқи он дар соли 2003
Ғалладона54,3133,3+78,0120+13,3
Картошка32,371,4+39,145+36,5
Сабзавот112,187,4-25,7130-42,6
Полизӣ31,220,8-11,670-50
Мевагӣ31,613,4-18,880-66,6
Ангур21,64,3-17,356-51,7
Гӯшт (дар вазни кушташуда)26,96,7-20,269-62,3
Шир104,969,2-34,7276-206,8
Тухм (дона)81,18,6-72,5225-216,6
пешина
аз 522
навбатӣ