Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

амри Худованд бояд то 70 сол ба ҳисоби миёна умр мебинад, яъне мо тарзе меҳнату фаъолият намоем, ки боз 70-100 ва ҳазорсолаҳо моҳияти иҷтимоию иқтисодии худро гум накунад. Ба монанди меҳнати хирадмандонами гузаштагони мо Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Низомулмулк, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон ки асарҳои бузурги онҳо то имрӯз арзишу қиммати худро гум накардаанд.

  1. Баробарии гендерӣ - ин раванд дар консепсияи башарӣ, бахусус шарқӣ, барои Тоҷикистон хеле ҳам муҳим мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тарбияи одами нав дар оила, боғча, мактаб саҳми занҳо қариб 80% мебошанд, вале афсус, ки аксар мавридҳо мо ба рушди шахсияти занҳо диққат надода, баъзан садди роҳи онҳо низ мегардем. Дар оила агар зан маълумоти олӣ дошта бошад, аллакай дар тарбияи кӯдак сифатҳои хуб дида шуда, дӯстӣ ва меҳнати кӯдак заминаи мустаҳкам пайдо мекунад.

Бинобар ин, дар ин раванди консепсияи рушди босубот мо бояд монеаҳоеро аз байн бардорем, ки боиси маълумотнокӣ, иштироки фаъоли занҳо дар корҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегарданд.

  1. Раванди экологӣ - ин равия дар консепсияи «рушди башарӣ» мақоми хосса дошта, масъалаҳои муҳити солими зист, таъмини сифати хуби хӯрока ба ҳамаи аҳолӣ, оби тоза, ҳавои тоза, нигоҳдории баланси экологӣ, роҳ надодан ба истеҳсоли маҳсулоти зараровар ва партовҳои зарардошта, роҳ надодан ба нобудшавии олами ҳайвонот ва набототро дар бар мегирад. Гузаронидани чорабиниҳои пешгирии касалиҳои сирояткунандаи спид, вабо, сил, саратон, дил, баландшавии фишори хун ва ғайра низ ба ин раванд вобаста мебошад.

Инчунин, чорабиниҳои агрономӣ ва байтории истеҳсоли маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ, роҳ надодан ба касалшавии замин, олами наботот ва ҳайвонот, заҳролудшавии обу хок, бояд ба роҳ монда шавад.

Шароити экологӣ дар ҳама давру замон ба инкишофи башарӣ ва менеҷмент, бахусус, ба мардуми камбизоат, таъсири манфии худро мерасонад.
Ҳамасола мардуми деҳоти тоҷик аз обхезӣ, хушксолӣ, паҳн гардидани касалиҳои

пешина
аз 522
навбатӣ