Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

корӣ дар деҳот ба кори соҳаи кишоварзӣ ё худ кори дигаре банд мебошад. Бинобар ин, дар ташкили муносибатҳои нави бозории Тоҷикистон соҳаи аграрӣ ва менеҷменти ин соҳа мақоми арзанда дорад.

Соҳибкории аграрӣ, ки механизми асосии фаъолияти менеҷментро ташкил медиҳад, пеш аз ҳама бо ду хислати хоси худ фарқ мекунад:

  1. Навоварӣ.
  2. Таваккал.

Ин ду хислатро менеҷменти касбӣ дар ҳамон вақт соҳиб шуда метавонад, ки агар:

а) дониши худи касбӣ дошта бошад;
б) агар аз навигариҳои илму техникӣ истифода карда тавонад;
в) аз таҷрибаи кории дигар давлатҳо бохабар бошад.

Ташаккули чунин унсурҳо дар менеҷмент як ҷараёни муайянро дар бар мегирад. Агар соҳибкорӣ аз ин унсурҳо пурра набошад, пас оқибати чунин шакли соҳибкорӣ ба нобудшавӣ ё худ ба муфлисшавии соҳибкории аграрӣ дар рақобати бозор оварда мерасонад.

Натиҷаи таҳлили иқтисодии фаъолияти корхонаю ташкилотҳо нишон медиҳад, ки имрӯз марҳилаи якуми ислоҳоти иқтисодӣ паси сар шудааст ва мо бояд ба марҳилаи нав, яъне «Ташкили бозори озод» гузарем.

Аллакай, қариб 80% оилаҳои деҳот, соҳиби замини хурди наздиҳавлигӣ шудаанд. Ғайр аз ин қариб 45% заминҳои корами кишоварзӣ дар ихтиёри корхонаҳои ғайридавлатӣ қарор доранд ва зиёда аз 80% корхонаҳои калони саноатӣ хусусӣ гардонида шудаанд.

Ба пайдо шудани базаҳои ҳуқуқию меъёрӣ ва ташкилии соҳибкорӣ дар мамлакат нигоҳ накарда, дар деҳот таъсири тарзи коркарди пешина афзалият дорад. Махсусан, маълум аст, ки асоси ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди соҳибкориро дар деҳот ислоҳоти замин ташкил мекунад. Оид ба ин масъалаи муҳим мо бояд дурандеш ва дурбин бошем. Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ буда, ҳар як ноҳияву минтақа хислатҳои хоси хоҷагидорӣ ва заминистифодабарии худро дорад. Мувофиқи тақсимоти хоҷагидорӣ ва табиию географӣ Тоҷикистон ба 11 ноҳия тақсим шуда, зиёда аз 25 шаклу усули истифодабарии замин вуҷуд дорад.

пешина
аз 522
навбатӣ