Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
истифода шавад, на ин ки аз А то Я онро хонед, ё ин ки қориёна азёд гуфта диҳед. Аз ин хотир маъруза бояд тавассути андеша ва факту рақамҳо навишта шаванд. Ин ба Шумо имкон медиҳад, ки мазмуни маърузаро аллакай дар худ пурра ҷой карда ва қобилияти дар назди шунаванда гуфтани онро доред. Агар андеша дошта бошед, ки ин кори мушкил аст, хуб мебуд, баромадҳои шахсони бузургро, ки бидуни истифода аз матн сухан мегуянд, гӯш кунед ва хулосаи худро бароред. Аксари суханварони бузург барои ба мақсади худ расидан доимо дар атрофи худ гурӯҳи одамонро ҷамъ карда сӯҳбатҳои хуш, ҳодисаҳои шавқоварро нақл мекунанд ё дар маҳфилҳои олимон, шоирон ва нависандагон ширкат варзида, бевосита дар суҳбатҳо иштирок менамоянд. Барои муваффақ шудан ба санъати волои менеҷмент дар суханварӣ ҳар як суханвар талаботҳои зерини фардиро бояд дошта бошад:
- Аз худ серталаб будан.
- Дар ақидаи худ мустаҳкам будан.
- Ба ғалаба боварӣ ва ғайрат доштан.
- Ҳавасманд будан ва ҳаловат бурдан аз муваффақиятҳо.
- Доимо дар ҷустуҷӯи навоварӣ будан, пешбинӣ карда тавонистан.
Қабул ва мазмуни маъруза бисёртар ба он вобаста мебошад, ки онро кӣ ва чӣ хел мегӯяд. Маълум аст, ки ҳамаи одамон сухан мегӯянд, аммо на ҳама баромади расмӣ карда метавонад. Бинобар ин шахсият ва мафҳуми суханварӣ дар алоқамандии ногусастанӣ мебошанд. Маълум аст, ки шахсияти бузург тамоми бузургиҳои инсониро, яъне қобилияти баланди физиологӣ, зеҳнӣ, ақлонӣ, таҷриба, маълумот ва ғайраро доро мебошад. Рафтори чунин шахсиятҳоро дигаргун сохтан ё ба онҳо таъсири манфӣ расонидан хеле мушкил мебошад, чунки онҳо хеле тавоно мебошанд.
Гузаштагони мо доир ба таъсири сухан ва ҳунари суханварӣ гуфтаю навиштаҳои зиёде доранд. Ҳатто суханро ба ҷони башарӣ баробар кардаанд. Чунончӣ Салими Кошонӣ фармудааст:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё