Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Унсури дигари таъсиррасонии маъруза, ин тартиби баёни фикр мебошад. Ба андешаи мо агар қоидаи зерин риоя карда шавад, ба манфиати кор мебуд:

  1. Таҳлили далелу рақамҳо.
  2. Баёни фикрҳои худ, ки аз ин рақамҳо бармеоянд.
  3. Пешниҳодҳо ва роҳҳои ҳалли масъала ва бамақсадрАСИ.
  4. Мақсади асосие, ки мо бояд ноил гардем ва ҳолати мавҷудбуда.
  5. Барои ба мақсад расидан ва иҷрои чунин корҳо дар назди худ вазифа гузоштан.

Доимо бояд дар хотир дошт, ки дар вақти таҳлили далелу рақамҳо онҳо бояд аниқ дуруст ва пурраю ҳаматарафа бошанд. Далелу рақамҳо тасдиқшаванда ва вазифагузоранда бошанд. Аз нигоҳи дигар далелу рақамҳоеро интихоб намоед, ки ҳама тарафи масъаларо дар бар гиранд ва худи Шумо аз онҳо хулосаи дуруст бароварда тавонед. Чуноне ки сиёсатмадори бузург Теодор Рузвелт қайд мекунад, «Ман ҳеҷ вақт чизеро бе меҳнати пурмашаққат ва қобилияти баланди зеҳнӣ, бе тайёрии амиқи пешакӣ ба даст наовардаам».

Қоидаи дигарро низ пешниҳод намудан мумкин аст, ки агар тавонед баромадатонро дар воситаҳои техникӣ сабт карда гӯш кунед ва ислоҳ намоед. Ҷараёни ислоҳ ва банизомдарории маъруза то замоне, ки Шумо баромад мекунед давом меёбад. Суханвари хуб баъди анҷоми баромад бовар мекунад, ки чор шакли маъруза иҷро шудааст:
❖ маърузае, ки ӯ тайёр карда буд;
❖ маърузае, ки ӯ баромад кардааст;
❖ маърузае, ки дар газета чоп шудааст;
❖ маърузае, ки баъди анҷоми ҷамъомад, ё худ маҷлис ӯ фикр карда хулоса мебарорад, ки бояд гӯяд, ё мехост, ки гӯяд.

Агар Шумо пешвои хирадманд шудан хоҳед ва обрӯю эҳтироми баландро соҳиб гардед, хуб мебуд, ки маърузаро бидуни истифодаи матн озодона баромад намоед. Таҷрибаи сиёсатмадорони бузург, президентони мамлакатҳо нишон медиҳанд, ки вақте шахс пурра масъаларо дарк месозад ва тайёр аст, навиштаҷоти қоғаз ба ӯ халал мерасонад, яъне ҳар қадар ки ӯ худ ба шунаванда нигоҳ карда сухан гӯяд, ҳамон қадар ба шунаванда маъқул буда, ӯро худ қабул мекунанд. Бинобар ин, хуб мешуд, ки маъруза дар қоғаз ҳамчун роҳнамо

пешина
аз 522
навбатӣ