Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчунин қудрати сухан ва бузургии сухану суханвар, лутфи сухан ва ширинсуханию нармгуфторӣ аз ҳунари волои инсонӣ эътироф шудааст. Фирдавсии Тӯсӣ мегӯяд:
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кашад морро.
Ва ё Саъдии бузургвор мефармояд:
Ба ширинзабонию лутфу хушӣ,
Тавонӣ, ки пиле ба мӯй кашӣ.

Агар Шумо хоҳиши боздиди баландро аз баромади худ интизор бошед, ҳеҷ гоҳ дар ҳолати хастагӣ ё худ беморӣ баромади расмӣ нанамоед. Дар ин ҳолат метавонед ба хатогиҳо роҳ дода, мақсади худро дуруст баён карда натавонед, ки ин ба обрӯю эътиборатон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин нигоҳ пеш аз суханронӣ Шумо ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҳам физиологӣ бояд омода бошед. Низоми хӯрокро низ пеш аз баромад бояд нигоҳ дошт. Аз ҳад зиёд хӯрдан ё худ гурусна будан пеш аз баромади расмӣ қобили қабул нест. Таъсири сухани Шумо ба тарзи либоспӯшӣ ва ҳолати он вобастагии калон дорад, яъне қабули самараноки сухан аз тарафи шунаванда бисёртар ба он вобаста аст, ки либосатон тозаю озода, пойафзол тоза, мӯи сар бонизом ва ҳатто даструймоли Шумо дар чунин ҳолат нақш мебозад. Инро бештар ҳис мекунед, вақте ки дар баробаратон шахсе, ки сару либоси хеле хуб ва қаду қомати зебо дорад, сухан мегӯяд.

Муаммои дигаре, ки аксари суханварон ба инобат намегиранд, ин ҳолати рӯҳии мо ва шунаванда аст. Агар барои мо шунаванда зарур бошад, мо низ барои онҳо бояд зарур бошем. Мо хоҳиши онро дошта бошем, ки шунаванда моро бо як ҳолати рӯҳии хуб, чеҳраи кушоди хандон гӯш кунад, мо низ худ чунин чеҳраро дошта бошем. Агар бо чеҳраи пургазаб сухан ронем, табъи шунаванда низ тира шуда, пургазаб мегардад ва шояд дар баромади ояндаамон иштирок нанамояд. Ошуфтахотирии мо боиси ошуфтагии шунаванда мегардад. Яъне ноил гаштан ба истиқболи гарми толор низ санъати волои менеҷмент мебошад.

Тамоми мақсадҳои суханвар дар ҳолате қабул мегардад, ки агар чашми шунаванда Шуморо хеле хуб бубинад, толор равшан бошад ва овози шуморо

пешина
аз 522
навбатӣ