Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар баробари пайдо шудани системаи электронӣ, фурӯш ва тарғибот ба худ шакл ва ченакҳои нав гирифтааст, яъне телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ воситаи асосии кории агенти тиҷорат гаштааст. Чунин як воситаи алоқа имкон додааст, ки хароҷотҳои гуногуни ташкилӣ хеле кам карда шаванд.
Корманди тиҷорат метавонад, ки дафтари корӣ нарафта корро аз хонааш иҷро намояд. Ҳисоботро низ ба воситаи хати интернет равон карда, миқдори вохӯрӣ ва маҷлисҳоро хеле кам намуда, фақат дар ҳолати зарурӣ гузаронидан лозим асту халос. Бо воситаи хати электронӣ менеҷер оид ба фурӯши мол метавонад дар компютери фардии худ супориш қабул намуда, оид ба нарх ва мӯҳлати расонидани мол ба истеъмолкунанда, ҳатто, ҳисоббаробаркунӣ низ бо воситаи хати электронӣ сурат гирифта, дар як вақти кӯтоҳ амалӣ мегардад.

Почтаи электронӣ ва истифодаи Интернет воситаи аз ҳама арзон ва қулайи алоқа ба ҳисоб меравад. Вақте ки оид ба мизоҷон ахбори пурра ба даст оварда, аниқ муайян менамоед, ки вай моли Шуморо харидорӣ менамояд, вақти хешро барои омӯзиши хоҳиши вай ҷудо карда, оид ба таъмини хоҳиши вай андеша намоед, яъне:

  1. Барои чӣ ин мизоҷ фақат моли Шуморо харидорӣ дорад.
  2. Боз кадом омилҳо метавонад, ки мизоҷонро ҳавасманд гардонанд.
  3. Мизоҷон киҳо мебошанд ва дар оянда чӣ мақсадҳо доранд.
  4. Моли нави ташкилот ба ӯ чӣ манфиати нав медиҳад.
  5. Аз байн тамоми монеаҳои хурду манфиро бартараф намудан шарт аст.

Баъди ин омӯзиш, аллакай, имкони зиёд кардани ҳаҷми фурӯши молро доред ва метавонед шартномаи калонро бо мизоҷон баста, на фақат ҳаҷм, балки номгӯи онро низ зиёд намоед.

Бинобар ин, мақсади асосии гуфтушунид бо мизоҷон бастани шартномаи манфиатдор мебошад. Қоидаи асосии муносибат ба мизоҷон ростқавлӣ ва кушоду равшанкорӣ мебошад.

Талаботи дигаре, ки ҳангоми сӯҳбат ба мизоҷон вуҷуд дорад, тез ба
инобат гирифтани талаботи мизоҷон аст. Суръати ҷавоб ба талаботи
истеъмолкунанда, бояд максималӣ бошад. Хуб мебуд агар мизоҷон ба саволи
худ ҳар чӣ зудтар ҷавоб гиранд. Доимо ба саволи мизоҷон ҷавоб гардонед ва аз
онҳо пинҳон нашавед. Эродҳои онҳо ва нуқсонҳои дар молитон пайдошударо

эътироф намуда, онҳоро бовар кунонед, ки ислоҳ мешаванд. Барои бовар кунонидани мизоҷон менеҷер ё худ агенти тиҷорат чунин корҳоро иҷро намояд:

  1. Эродҳои онҳоро бо забони худ такрор кунед, то бовар кунанд, ки онҳоро фаҳмидед.
  2. Ба мизоҷон фаҳмонед, ки онҳоро ҳис мекунед.
  3. Хоҳишу эроди онҳоро хеле хуб мепазиред.
  4. Барои чунин камбудиҳо бахшиш пурсед.
  5. Баъди ислоҳи камбудӣ ризояти мизоҷонро пурсон шавед.

Масъалаи дигари кор бо мизоҷон алоқаи доимӣ бо онҳо мебошад.
Мизоҷон метавонанд боз мизоҷони дигарро ба ҳамкорӣ ҷалб кунанд. Бинобар ин, бояд пайваста дар алоқа бошед ва доимо аз аҳволашон пурсида истед. Дар натиҷа мизоҷон низ ҳис мекунанд, ки ба онҳо бетараф нестед ва доимо ҳамкорӣ менамоянд.

Вазифаи асосии тиҷорат — ин доимо пеш гузаштан аз интизории харидор ва баҳои аъло гирифтан аз харидор буда, ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза пешакӣ талаботашонро омӯхта метавонед. Дар хотир дошта бошед, ки нарх на ҳама вақт ченаки баҳодиҳии мол мебошад. Аксар мавридҳо мӯҳлати фурӯши мол, ҳолати техникӣ ва ҳатто муомилаи одамон барои харидор аз нарх дида манфиати калон дорад. Хулоса, бояд доимо харидорро бовар намоед, ки эродҳо ва пешниҳодҳои харидорон бароятон хеле зарур буда, ба он эҳтиёҷ доред.

Бинобар ин, ҳангоми вохӯрӣ бо харидорон аввал имкон диҳед, ки ӯ фикри худро пурра бигӯяд. Баъдан фикри ӯро такрор намуда, бипурсед, ки оё ӯро дуруст фаҳмидаед. Доимо муносибати хуб намуда, аз харидор пурсон шавед, ки боз чӣ мехоҳад. Баъди қабули супориш ба харидор ташаккур гуфта, ӯро барои ташвиш миннатдорӣ карда, гусел намоед.

Барои чунин муносибат кардан бояд пурра боварӣ дошта бошед, ки ташкилот тамоми ваъдаҳои кардаатонро иҷро менамояд. Бояд қайд кард, ки намояндагони миллатҳои гуногун боз хусусияти хоси миллии рафтори хешро доранд.

Мисол, тоҷирони амрикӣ дар вақти сӯҳбат хеле хуб моли худро
муаррифӣ карда, ҳатман Шуморо бовар кунонда метавонанд. Англисҳо бошад,
он қадар бо боварӣ молашонро таблиғ карда наметавонанд. Немисҳо бисёртар

пешина
аз 522
навбатӣ