Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

вохӯриҳоро дар шакли шиносшавӣ гузаронида, доимо ҳаракат мекунанд, ки ба харидор бисёртар ахбор пешниҳод намоянд. Фаронсавиҳо диққатро ба малакан, донишу муносибати харидор равона месозанд.

Яке аз шакли ҷалб намудани диққати харидорон ин муаррифии (презентатсияи) мол мебошад.

Муаррифии мол гуфта гузаронидани вохӯрӣ ё худ намоиши мол ба гурӯҳи харидорони пешқадами бозори молро меноманд. Тақдири ояндаи фурӯши мол аз он вобаста мебошад, ки чӣ хел молро муаррифӣ мекунед.

Аслан тартиби гузаронидани муаррифии мол чунин сурат мегирад:

  1. Фаҳмонда додани бартарияти моли нав аз молҳои пешин.
  2. Махсус доир ба хусусияти хоси таъминоти мол суханҳое гӯед, мисли молатон нав бошанд ва диққати харидорро ҷалб карда тавонанд.
  3. Харидоронро бовар кунонед, ки моли Шуморо харида обрӯю эътибори хешро дар бозор боз ҳам мустаҳкам менамоянд.
  4. Ҳаракат намоед, ки харидор ҳамон замон хоҳиши харидории молатонро пайдо созад.
  5. Ҳатман дар бораи вақти хизматрасонӣ то ба хонаи харидор бурда расониданро қайд карда гузаред.

Аксар одамон аз шунидан бо чашми худ диданро авлотар медонанд. Бинобар ин, дар вақти презентатсия хуб мебуд аз воситаҳои электронӣ истифода карда, блок-схемаҳои моли навро дар экран ба мизоҷон нишон медодед. Дар баробари суратҳо дар экран бо забони ширину шевою форам оид ба мол суханронӣ карда, ҷойҳои асосиро аз наздик нишон дода, бо чунин пайдарпайӣ мегузаштед:

❖ бартарияти моли худро баён карда, аз ҳамон нуқтаҳои асосие сухан
гӯед, ки якбора диққати харидоронро ба худ ҷалб намоянд;
❖ доимо номи ташкилотон ва номи молро қайд карда гузаред;
❖ ҳеҷ гоҳ рақибони хешро паст назанед, пешниҳоди моли худро
беҳтарин интихоб муаррифӣ намоед;
❖ оид ба технология ва ҷараёни технологӣ он қадар бисёр ҳарф
нагӯед;
❖ он суханонеро гӯед, ки барои он ҷавоб гуфта метавонед;

пешина
аз 522
навбатӣ