Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

зиёдро доир ба ҳама намуди фаъолият ба даст оред. Реҷаи кори иҷрои нақшаи мутолиаи китобро тартиб дода, мақсадҳоро муайян созед. Ба мақсади аввала расида, боз дар назди худ мақсади нав гузоред.

Барои аз ӯҳдаи чунин мақсадҳо баромадан менеҷер бояд ҷавоботи зерин дошта бошад:

  1. Қобилияти фикрронии доштан.

  2. Диққат додан ба ин ё он ҳодиса, ё ҳолатҳои пайдошудаи кору зиндагӣ.

  3. Донишу фаҳмиши молиявии корро доштан.

  4. Қобилияти дилфиребӣ ва бо ҳамкорон робита пайдо кардан.

  5. Усулҳои беҳтарини муомиларо истифода кардан.

  6. Ҳар як ахборро дуруст дарк карда истифода карда тавонистан.

  7. Қобилияти худро идора карда тавонистан.

Ғайр аз ин, он чизе омӯхтед бо дигарон нақл намуда, фикратонро возеҳ баён созед, дар натиҷа шояд онҳо чизе илова карда, донишатонро боз боқувваттар менамоянд.

Доимо бо диққат ва дар ҳуҷҷатгузорӣ ва коргузорӣ бонизом бошед. Новобаста ба моҳият бо ҳуҷҷатҳо муносибати ҷиддӣ намоед.

Яке аз роҳҳои бо чунин мақсад ноил гаштан, раҳои ёфтан аз қоғазҳои нолозима мебошад. Солҳои охири асри XX дар системаи идоракунӣ чунин миқдори қоғазҳо зиёд шуданд, ки ҳар рӯз қариб 60% вақти роҳбарро тафтишу пур кардани ҳуҷҷатҳои нолозима мегирифт. Имрӯзҳо аксари ташкилотҳои байналхалқии пешқадам ҳуҷҷатҳои қоғазиро то ҳадди ақал кам карда, сохтори онҳоро хеле содда намудаанд. Хуб мебуд тамоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ба як системаи соддаи идора табдил дода, котибот онро танзим намоянд. Ин вазифаи муҳимро, албатта, бо роҳи ташкили хуби ИБ, ки дар мавзӯи гузашта гуфта гузаштем, ба амал овардан мумкин нест. Доир ба талаботҳои он система низ мо дар он ҷо муфассал қайд кардаем. Барои муайян кардани тағйироти фаъолияти худ, баъди ҷорӣ кардани системаи нав дар муддати як ё ду ҳафта қайд намоед, ки барои кадом корҳо, чӣ миқдор вақт сарф кардед. Дар ин сурат маълум менамоед, ки чӣ қадар вақти худро беҳуда сарф намудаед. Номгӯи корҳоеро муайян созед, ки фақат худи Шумо ҳал карда метавонед ва кӯшиш намоед, ки диққатро ба он равона созед.

пешина
аз 522
навбатӣ