Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кардани сифатҳои кордонии касбии хеш асоси ҳамаи муваффақиятҳо мебошанд. Бинобар ин, барои мувофиқ гаштан ба бурдбориҳо метавонед нақшаи мақсадгузориҳои худро тартиб дода, вақтро барои мутолиаи китоб ва иштирок дар курсҳои махсус ҷудо намоед.

Мутахассис бояд асосҳои назариявии касбии худро пурра ва ҳаматарафа дониста, усули хуби таҷрибаи корӣ дошта бошад. Дар шароити имрӯзаи инкишофи босуръати ахборӣ, оиди фурӯши мол, чандин адабиёт, дискҳои компьютерӣ, газетаю журналҳо ва кинофилмҳо дида мешаванд, ки омӯзиш ва андӯхтани онҳо аз фоида холӣ намебошад.

Инчунин як қатор низомномаҳо ва дастурамалҳои махсусе вуҷуд доранд, ки оид ба тиҷорат, одоби тиҷорат сухан гуфта, меъёрҳои он нишон дода шудааст. Аз ҳамаи сарчашмаҳо истифода карда, дониши худро сайқал дода, доимо дар амал навовариҳоро истифода намоед.

Автомобилфурӯши бомаҳорати амрикоӣ Карл Сюэлла даҳ қоидаи тиҷоратро пешниҳод менамояд, ки ба таври зайл аст.

  1. Аз мизоҷон пурсон шавед, ки чӣ мехоҳанд ва онро муҳайё намоед, ҳамин тариқ ҳар дафъа ин амалро такрор намоед.

  2. Усулҳоеро аз худ намоед, ки иҷроиши бомуваффақияти коратонро дар ҳамаи ҳолатҳо таъмин месозад.

  3. Хубаш кам ваъда дода, зиёдтар иҷро намоед.

  4. Доимо бо мизоҷон дар мусолиҳа бошед.

  5. Ба ҳар як корманд имкон диҳед, ки норизогии мизоҷонро худашон ҳаллу фасл намоянд.

  6. Агар норизогӣ набошад, пас вазъият он қадар хуб нест.

  7. Ҳамаи масоилро аз нигоҳи корӣ баҳо диҳед.

  8. Ба зердастон ҳамчун ҳамкорон маош диҳед.

  9. Бо одамон хушмуомила бошед.

  10. Бурдбориҳои рақибонро ба инобат гирифта, таҷрибаи пешқадамро омӯхта, беҳтар карда истифода баред.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки ҳама гуна намуди фаъолият ташаккул ва беҳтаршавиро талаб менамояд. Аксар маврид имкон фароҳам меояд, ки мустақилона омӯхта, дониши худро сайқал диҳед. Ҳаракат намоед, ки дониши

пешина
аз 522
навбатӣ