Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ду одами якхела мавҷуд нест, ду ташкилоти маданияти корпоративии якхела низ вуҷуд надорад.

Олимон ва мутахассисоне, ки дар атрофи ҷараёни идоракунӣ тадқиқот мебаранд, дар санъати менеҷмент, ба хулосае омадаанд, ки фарқияти маданияти ташкилот дар самаранокии фаъолияти ташкилот ва сифати ҳаёти меҳнатии кормандон таъсири ҳалкунанда мебозанд.

Таҷрибаи маданияти корпоративӣ ба кормандон имкон медиҳад, ки ду масоили муҳимро ҳаллу фасл намоянд:

  1. Масоили мутобиқ шудан ба муҳити беруна: чӣ тавр бояд рафтор кард?

  2. Интегратсияи дохила, яъне аъзоёни ташкилот масоили ҳаррӯзаро чӣ хел ҳаллу фасл менамоянд?

Мутобиқ шудан ба муҳити беруна ин ба мақсад ноил гаштан ва коргузорӣ бо шахсони беруна мебошад, яъне дар ин ҳолат агар қоидаи мустаҳками масъалагузорӣ, ҳаллу масоил, усулҳо ва роҳҳои аниқи мадании ташкилот вуҷуд дошта бошаду ҳама ӯро риоя намоянд, он гоҳ барои ҳар як корманд ва менеҷер иҷроиши ӯҳдадориҳои мақсаднок хеле осон мегардад. Мисол, дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, агар як қоидаи умумии ба Донишгоҳ барқарор кардани донишҷӯ ва вақти аниқи барқароркунӣ вуҷуд медошт ва аз ректор то коргари оддӣ онро қатъиян риоя мекарданд, он гоҳ боваркунонии одамони беруна, ё худи донишҷӯён барои риояи ин қоида барои менеҷер - лекин мушкил набуд. Аммо афсӯс, ки ин қоида вуҷуд дошта бошад ҳам, раёсати Донишгоҳ, ҳатто Вазорати маориф дар вақти дилхоҳ барои барқарор кардани собиқ донишҷӯ иҷозат медиҳанд. Дар натиҷа ин ба самаранокии кори садорат, тартибу низом дар Донишгоҳ таъсири манфии худро расонида, маданияти ташкилотро хеле коста мекунад. Дар натиҷа мақсади асосии Донишгоҳ тайёр кардани «кадри баландихтисос» ғайриимкон мегардад.

Дар санъати менеҷмент таъкид карда мешавад, ки маданияти ташкилот бо
кӯшишу талошҳо, таҷриба ва аз тарафи тамоми аъзоёни коллективи ташкилот
риояи бевоситаи қоидаҳо барпо карда шуда, инкишоф меёбад ва мустаҳкам
мегардад. Ҳар як аъзои коллектив бояд миссияи ташкилоташро пурра дарк
карда тавонад ва барои иҷроиши он талош варзад. Онҳо бояд боварӣ дошта

пешина
аз 522
навбатӣ