Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

меҳнат аз рӯи донишу қобилият, эҳтимол дорад, ки ҳатто дар фаҳмиши дигар маданиятҳо ба муноқишаи калон мубаддал гардад. Тадқиқотчӣ Г.Хефстед чунин ақида дорад, ки мо метавонем ва вазифадор ҳастем, ки маданияти дигар халқу миллатҳоро биомӯзем, вале барои мо боз зарур аст, ки «истеъмолкунандаи маълумотдошта»-и ин донишҳо бошем.

Системаи менеҷменти Ҷопон, ки аз рӯи қоидаи кирояи якумра ташкил шуда, тамоми чорабиниҳоро оид ба инкишофи корманд ба ӯҳдаи худ мегирад ва раванди коллективизми даставӣ чунон дар дилу ҷони онҳо ҷой гирифтааст, ки на кормандон дар дигар давлатҳо рафта чунин самаранок меҳнат намоянд.

Мақсади омӯзиши глобалии менеҷменти байналхалқӣ ин пеш аз ҳама дарёфт намудани «таҷрибаи беҳтарин»-и ташкили менеҷмент дар ҷаҳон мебошад. Мисол, он қоида ва усулҳоеро, ки Шумо дар мамлакати худ истифода менамоед, метавонед дар хориҷи кишвар низ истифода кунед, яъне дар Африка, Ҳиндустону Эрон, Америкою Ҷопон, Чин ва ғ.

Дар шароити имрӯза диққати ҷаҳониёнро усули даставии менеҷменти ҷопонӣ, ки қарори мувофиқашуда қабул намуда, кормандонро ба маданияти баланди корпоративӣ даъват менамоянд, боиси дастгирии аксари олимон гаштаанд. Мо низ дар рафти навиштани ин китоби дарсӣ ба аксари қоидаю усулҳои ин менеҷмент такя карда онро пазируфтаем.

Маълум аст, ки дар шароити глобализатсияи иқтисодию маданӣ менеҷмент ба масоили амиқи гуногуншаклии фарҳангӣ дучор гардидааст, ки ин ҳам тарафи мусбӣ ва тарафҳои манфии худро дорад. Маълум аст, ки ягон маданият наметавонад ҳамаи он масоил ва ҳолатҳое ки дар зиндагӣ ё худ фаъолияти кории менеҷмент пайдо мегардад, ҳаллу фасли пурра намояд. Аз тарафи дигар мавҷуд будани гуногуншаклии маданият имкон медиҳад, ки кам - кам аз ҳар як шакл гирифта, як маданияти универсалии корпоративӣ ташаккул диҳем.

Маданияти ташкилотӣ, ё худ корпоративӣ ин системаи фаъолияти умумӣ,
арзишҳо, боварӣ, эҳтиром мебошанд, ки дар ташкилот инкишоф ёфта, ҳар як
аъзои ташкилот дар мувофиқа ба он рафтору фаъолият менамоянд. Агар бо
забони соҳибкорӣ гӯем, ин «маданияти корпоративӣ» номида мешавад. Чунон ки

пешина
аз 522
навбатӣ