Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
мебошад, ки қариб тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд. Ин ташкилотҳои байналхалқӣ дар тамоми ҷаҳон фаъолият дошта, ба ягон давлату халқу миллат тааллуқ надоранд.
Ширкатҳои байналхалқии тиҷорат (ШБТ) бошанд, филиалҳои ташкилоти худро дар якчанд давлатҳо ташкил мекунанд. Агар ширкати автомобилсозӣ бошад, тайёр кардани двигателро дар як мамлакат, аккумуляторро дар дигар, дару тиреза дар дигар давлат ва ҷамъобариро дар дигар ҷо ташкил кардаанд.
Мавҷуд будани системи инкишофёфтаи электронӣ имкон медиҳад, ки инҳо бо филиалҳои худ пайвастагии доимӣ дошта, дар як муддати кӯтоҳ бо тамоми дунё алоқа дошта бошанд.
Баъзе олимон ва сиёсатмадорон аз чунин афзоиши босуръати ширкатҳои байналхалқӣ дар таҳлуқа афтода, таъкид мекунанд, ки «ҳаҷм, моҳият ва ҳокимияти сиёсии ин бозингари нав дар бозии глобалӣ бо суръати баланд боло рафта истодааст». Фаъолияти онҳо дар мамлакатҳо аз як тараф ҳам фоида ва аз тарафи дигар проблемаҳоро ба вуҷуд меоранд, яъне соҳибони заводҳои калонтарин аз қувваи арзони кории ин мамлакатҳо истифода карда, молашонро боз барои мамолики инкишофёфта истеҳсол менамоянд. Мисол, барои истеҳсоли қаҳва агар дар давлатҳои Африка, ё Амрикои Ҷанубӣ коргарон 2 сент барои ҷамъоварии як фунт қаҳва музд диҳанд, ин қаҳваро дар дигар давлатҳо бо нархи 8$ доллар мефурӯшанд.
Масоиле, ки барои менеҷменти ин ширкатҳо пайдо мегардад, додани музди меҳнати мутахассисони худашон мебошад, ки дар хориҷа меҳнат менамоянд. Мисол, агар менеҷер дар мамлакати худ дар як сол то 100 ҳазор доллар ҳақмузд гирад, дар хориҷа бошад бояд на камтар аз 300 ҳазор доллар ҳақмузд мегирад, яъне дар муддати 3 сол 1 млн. фақат барои музди меҳнат ва илова ҷамъи хароҷотҳои хӯроку ҷои хоб ва роҳ сарф бояд шавад.
Масоили асосӣ дар менеҷменти ШБ таъсири маданият ва рафтори этникӣ мебошанд. Бинобар ин, аксари мутахассисони бахши универсализатсияи менеҷмент таъкид менамоянд, ки агар мо назария ва таҷрибаи менеҷментро ба дигар давлат бурдан хоҳем, мо бояд доимо хусусиятҳои мадании ин халқро дар назар дошта бошем. Мисол, принсипи мотиватсияи фардии амрикоиҳо барои коллективизми мардуми Шарқ қобили қабул нест. Ҳатто як нишонаи музди

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо