Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

бошанд, ки ҳиссаи худро дар инкишофи маданияти ташкилот ва пешрафти он гузошта метавонанд.

Умуман, хислати коллективи ташкилот дар бисёр мавридҳо чунин мебошад, ки мехоҳанд фаҳманд, ки кадом қувваҳои берунаи зарурӣ ва ғайризарурӣ мавҷуд аст, усулҳои баҳодиҳии фаъолияти худро кор карда баромада метавонанд, яъне худифодагӣ, худтасдиқкунӣ баҳо дода мешавад, ё не. Инчунин бартариятҳои асосии ташкилот муайян шуда, дар натиҷа метавонад мақсадҳои стратегии дурнамои ташкилот иҷро гардад.

Умуман, барои фаҳмидани таъсири глобализатсияи маданӣ ба фикрронии стратегии ташкилот се зинаи таҳлили он мушоҳида карда мешавад:

  1. Маданияти назораткунанда, ё мушоҳидакунанда.
  2. Арзишҳои умумимаданӣ.
  3. Истифодаи элементҳои арзишҳои беҳтарини маданӣ.

Таъсиррасонии мушоҳидакорӣ фаъолияте мебошад, ки менеҷменти корхона элементҳои онро ба инобат гирифта, назорат менамояд, вале он қадар диққат надода, дар маданияти корпоративӣ қариб истифода намебарад.

Дуюм, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат арзишҳои хуби мадание вуҷуд доранд, ки онҳоро ҳатман мо бояд истифода барем. Масалан, риояи истифодаи вақт, сифати мол, муносибати одамон ва ғ.

Сеюм, он арзишҳои миллие, ки таъсири хеле самараноқ доранд, дар маданияти корпоративии ин ё он ташкилот бояд баҳогузорӣ, қадр ва бо роҳи интихобан истифода карда шаванд.

Ҳамин тариқ, ҷудо карда гирифтани арзишҳои беҳтарин аз маданияти халқҳои гуногун, маданияти универсалии ташкилотро ба вуҷуд меорад, ки дар шароити глобализатсия мувофиқи мақсад мебошанд.

37.6. Маслиҳатҳои муфиди Наполеон Хилл 1

  1. Роҳҳои ба муваффақият ноил гаштан:

❖ Муайян кардани мақсади асосӣ дар фаъолият.
❖ Ба худ боварӣ доштан дар ҳама ҳолатҳо.
❖ Пешво ва пешкор будан.
❖ Қобилияти фикрронӣ ва даркнамоӣ доштан.
❖ Худназоратӣ ва худбаҳодиҳӣ.
❖ Шахсияти диққатҷалбкунанда будан.
❖ Дар фикр аниқ будан.
❖ Кооперация ва консентратсияи захираҳо доштан.
❖ Пуртоқат будан дар ҳама ҳолатҳо.
❖ Аз музд зиёд меҳнат кардан.

  1. Дӯпманони рафтори хуби роҳбарӣ:

❖ Бетоқатӣ;
❖ Қасдгирӣ;
❖ Бахилӣ;
❖ Худпарастӣ;
❖ Гумонбарӣ;
❖ Нобоварӣ;
❖ Рашк кардан;
❖ Бенизомӣ;
❖ Дурӯғгӯӣ;
❖ Беназоратӣ;

❖ Беиродагӣ;
❖ Камсаводӣ;
❖ Нодонӣ;
❖ Бефикрӣ;
❖ Саросемагӣ;
❖ Серапӣ;
❖ Бемавқеӣ;
❖ Бемантиқӣ;
❖ Нописандӣ;
❖ Бадгумонӣ;

1 Закон успеха. Думай и богатей. Екатеринбург. Изд-во «Литур». 2004. — 640с.

пешина
аз 522
навбатӣ