Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

арзиши ӯро баҳо медиҳанд, дуюм тарзу усули хизматрасонии кормандон ва сеюм сифати молро ба назар мегиранд.

Инчунин, мизоҷон метавонанд, рақибонатонро аз рӯи баъзе нишондиҳандаҳошон танқид кунанд. Ин Шуморо огоҳ менамояд, ки агар чунин камбудиҳо бошанд, ислоҳ намоед. Ҳамчунин, мизоҷ дар бораи моли беҳтарине, ки ӯ мехоҳад харидорӣ намояд, фикри худро мегӯяд, шумо метавонед, ки фикри ӯро қайд карда, оид ба он аллакай фикрронии стратегӣ намоед.

Имкон дорад, ки бо гурӯҳи мизоҷон маҷлисҳо гузаронида оид ба нишондиҳандаҳо ва сифати мол сӯҳбат намоед.

Дар вақти коркарди стратегия инчунин критерияҳо, ё муносибат ва аломатҳои харидорон, ки моли Шуморо баҳо медиҳанд, аз ҷумла чунин омилҳо бояд ба инобат гирифта шаванд:

  1. Ҳамаи мизоҷон якхела хоҳиш ва дархост надоранд.

  2. Агар бо мизоҷон озод сӯҳбат намуда, саволи заруриатонро диҳед, онҳо фикру ақидаҳои худро озодона гуфта медиҳанд.

  3. Идеалӣ будан хеле мушкил мебошад, вале доимо ба он ҳаракат кардан зарур мебошад.

  4. Доимо ҳаракат намоед, ки мизоҷони хешро нигоҳ доред ва миқдоран илова намоед.

  5. Доимо кӯшиши хизматрасонии баланди мизоҷон ва эҳтироми вақти онҳоро дошта бошед.

Дар вақти омӯзиши талаботи мизоҷон бояд муайян созед, ки кадоме аз онҳо бароитон хеле зарур ва на он қадар зарур мебошад. Бартариятҳое, ки оид ба мизоҷон муайян месозед дар вақти банақшагирии стратегӣ бояд ба инобат гирифта шаванд. Аз таҳлилҳо бояд маълум бигардад, ки кадом тағйиротҳоро дар хизматрасониҳо дохил месозед, ки барои Шумо самаранок гардад.

Ба он қисми соҳибкорие, ки мизоҷонатон диққат намедиҳанд, он қадар қувваи бисёрро сарф намудан шарт нест.

Махсусан сари масоили зайл бояд андеша ва таҳлили амиқ намуд:

  1. Маҳсулот (мол).

  2. Хизматрасонӣ.

  3. Фурӯшандаҳо.

пешина
аз 522
навбатӣ