Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Нарх.
-
Ҷои фурӯш.
Ба инобат гирифтани дархости мизоҷон ва қаноатмандгардонии онҳо ҳамон вақт муяссар мегардад, ки агар аз рақибон пеш гузаред. Бинобар ин, зарур мебошад, ки фаъолияти рақибонро низ омӯхта, тарафҳои мусбӣ ва камқувватии онҳоро дониста, имкониятҳо ва бартариятҳои худро муайян совед ва стратегияи инкишофи ташкилотро муқаррар созед. На фақат хатои рақибон, балки сабабҳои бурди онҳоро низ таҳлил карда, хулоса бароред. Агар дар бозор рақибон зиёд бошанд, барои таҳлил 3-4 нафари асосиашро гирифта, таҳлил намоед. Ба маводи таблиғоти онҳо шинос шуда, паҳлӯҳои пурзӯр ва ноқиси онҳоро биомӯзед. Роҳи дигари таҳлили рақибон ин ҳангоми сӯҳбат бо мизоҷон мебошад. Ҳарифони худро нописандӣ накарда, дуруст ва воқеӣ баҳо диҳед.
Махсусан, ба технологияе, ки онҳо истифода менамоянд, диққат диҳед.
Баҳодиҳии имкониятҳои рақибон давраи охири омӯзиши онҳо буда, маълум мегардад, ки чӣ хел онҳо аз дигарон фарқи куллӣ ё худ бартариҳои зиёд доранд.
Ҳангоме ки бартарият ва имконотҳои рақибонро хеле хуб таҳлил менамоед, метавонед дар бораи бартарӣ ё худ норасогиҳои ташкилоти худ хулоса бароварда, масоили мавҷудаи ташкилотро муайян созед. Доимо ҳаракат намоед, ки аз масоил нагурехта, онро ҳаллу фасл намоед. Дар мавриди муайян кардани он ки байни ташкилоти Шумо ва рақибон фарқе дида намешавад, пас барои мизоҷон фарқ надорад, ки молро аз куҷо мегиранд, аммо вақте ки рақибон бартарӣ доранд, ин маънои онро дорад, ки мизоҷонатон оҳиста-оҳиста ба ташкилоти рақиб мераванд. Дар хотир дошта бошед, ки дигар ташкилотҳо низ ба монандӣ Шумо фикру ақида доранд. Таҳлили ҳаматарафаи омилҳои дохила ва берунаи рақибон имкон медиҳанд, ки ҷараёнҳои фаъолият, системаи ахборӣ, захираҳо ва навовариҳоро муайян ва имконотҳоро аниқ карда, стратегияи дурнамои ташкилотро ба муҳлати аз 3 то 5 сол муайян созед.
Дар хотир дошта бошед, ки ягон ҷараёни истеҳсолӣ, мол, ҳокимиятдорӣ доимӣ набуда, дар гардиш аст ва дар ин бора мо дар қисми 1-уми китоби менеҷмент оид ба каҷхатаи Портер сухан гуфта будем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо